ШАБАКАИ НАВИ ТЕЛЕВИЗИОНИИ «АҚЛВОЙ» БА КОР ШУРӮЪ НАМУД



Ин шабакаи телевизионӣ барои кӯдакон муқаррар шудааст. Дар ин бора вазири таълими томактабӣ Агреппина Шин дар як нишасти матбуотӣ иттилоъ дод. Ба гуфтаи вазир 22 марти соли равон ин шабака таҳти номи “Ақлвой” аввалин барномаҳои худро пахш намуд. Шабакаи мазкур барномаҳои маърифатӣ ва фароғатӣ нашр мекунад.
Агреппина Шин боз илова кард, ки дар мамлакатамон ҳафтуним миллион кӯдакони то 10-сола зиндагӣ мекунанд.
– Ин мусоидат кардааст, ки теъдоди муштариёни ба чунин шабакаҳо ниёзманд беш аз пеш рӯ ба афзоиш оварад. Маҳз арзи вуҷуд намудани шабакаи хоси маърифативу фароғатии босифат тақозои давр мебошад, – гуфт вазир.
Аз ҳарфҳои директори генералии шабака Вела Фидел ин нукта маълум шуд, ки шабакаи “Ақлвой” бар асоси қарори Девони Вазирон “Дар бораи ташкил намудани шабакаи махсуси маърифатӣ-фароғатӣ” ва таҳти пуштибонии Вазорати таълими томактабӣ шурӯъ ба кор кардааст. Шиори асосии ин шабака “Ин замони туст!”, яъне замони мӯъҷизаҳо, замони дарки навгониҳо мебошад.
– Дар ин шабака беҳтарин ва хушояндтарин барномаҳои рангину ҷаззоби маърифатӣ, ҳамчунин мултфилму сериалҳое пахш мешаванд, ки дар студияҳои барои оламиён маъруфи Русия, ИМА, Кореяи Ҷанубӣ, Хитой ва мамолики дигар истеҳсол шудаанд, – мегӯяд Вела Фидел.
Дар нишасти матбуотӣ роҷеъ ба он низ гуфта шуд, ки “Ақлвой” шабакаи ғайридавлатӣ мебошад. Он аз ҳисоби буҷаи Вазорати таълими томактабӣ таъмини молӣ намешавад. Баръакс, таъмини молии он ба дӯши ҳомиёне вогузорӣ шудааст, ки аз роҳи хайрхоҳӣ дар ин маврид дасти кӯмак дароз кардаанд.
– Оё ин шабака барномаҳои шабакаи “Болаҷон”-ро такрор намекунад? – пурсида шуд аз Вела Фидел.
– Мо бо шабакаи “Болаҷон” танҳо рақобат карда метавонем. Мо дари имкониятҳои васеъ барои пахши барномаҳои хоси кӯдаконаро боз хоҳем кард, ки ба ин васила муштариёни худро афзоиш хоҳем дод. Талош ба харҷ медиҳем, ки барномаҳои пахшшаванда беш аз пеш рангинтару ҷаззобтар шаванд, – посух дод Вела Фидел.

Фаридун АҲРОРОВ.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ