Дарозумрӣ ба таркиби хун чӣ вобастагӣ дорад?


Олимон баъди тадқиқотҳои охирин ба чунин хулоса омаданд, ки танҳо хӯрокхӯрӣ, варзиш ва зиндагии тарзи солим барои дарозумрӣ кифоя намекунад. Дар ин бора пойгоҳи хабарии Eat This, Not That гузориш дод.
Олимон кашф карданд, ки дарозумрӣ ба миқдори моддаи оҳан дар таркиби хун низ вобаста аст.
Онҳо дар чорчӯби тадқиқот ДНК-и ду гурӯҳи одамонро омӯхтанд. Яке аз ин гурӯҳ одамоне буданд, ки ба зиндагии тарзи солим риоя мекунанд ва умри дароз дидаанд. Гурӯҳи дувумро одамоне ташкил мекарданд, ки бемориҳои гуногун доштанд ва ҳанӯз дар ҷавонӣ даргузаштаанд.
Тадқиқот чунин натиҷа дод: касоне, ки миқдори моддаи оҳан дар хунашон хеле зиёд аст, гоҳо дар ҷавонӣ вафот мекунанд. Вале, миқдори ками оҳан дар таркиби хун низ гоҳо боиси бемориҳо мегардад.
Мутахассисон гуфтанд, “Мо бори аввал кашф кардем, ки барои аксарият андаке кам шудани миқдори оҳан дар таркиби хунашон зоҳиран беҳтар хоҳад буд”.
Ҳамчунин, олимон кашф карданд, ки дар баъзе ҳолатҳо модарзод зиёд будани миқдори оҳан дар хун эҳтимоли бемориҳои вобаста ба синну сол ва хатари марги нобаҳангомро афзоиш медиҳад. Ба ин далел, мутахассисон маслиҳат медиҳанд, ки миқдори моддаи оҳанро дар организми худ назорат кунед.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ