Дар Чин мансабдороне, ки қоидаҳои одобро риоя намекарданд, ҷазо гирифтанд



Дар Чин 8422 мансабдор барои риоя накардани меъёрҳои ахлоқӣ муҷозот шудаанд.
REGNUM дар ин бора дар асоси маълумоти пешниҳодкардаи комиссияҳои интизомӣ ва мардумии кишвар хабар додааст.

Аз рӯи ин масъалаҳо 5864 парванда оғоз карда шудааст. Илова бар ин, бисёр роҳбарон барои бюрократизм ё расмиятчигӣ ба ҷавобгарӣ кашида шуданд.

Дар маҷмӯъ 4056 нафар барои рафтори номатлуб ва гирифтани тӯҳфаҳо, инчунин барои фароҳам овардани имтиёзҳои гуногун ба одамони интихобкардаашон ҷазо гирифтанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ