Клубҳои Тоҷикистон 14 нафар легионери ӯзбекистониро аз рӯйхат гузаронданд


Аз моҳи апрел мавсими нави Лигаи Олии Тоҷикистон оғоз мешавад. Дар мавсими ҷорӣ ҳам дар чемпионати Тоҷикистон як қатор футболбозони Ӯзбекистонӣ тӯб меронанд. Дар мавсими ҷорӣ дар 5 клуб (аз 10) — и Лигаи Олии мамлакат легионерҳои ӯзбекистонӣ тӯб меронанд. Дар сафи чемпиони мамлакат собиқ футболбози «Навбаҳор» — и Намангон, аслан аз Ургут Амирбек Ҷӯрабоев ва додари ӯ, собиқ бозингари Металлург» — и Бекободи Тошканд Зоир Ҷӯрабоев тӯб меронанд. Инҳо дар таркиби Ҷамоаи яккачини мамлакат ҳам тӯб меронанд.
Клубҳои «Хуҷанд», «Кӯктош», «Файзқанд», «Истаравшан», «Равшан» футболбозҳои ӯзбекистониро таклиф кардаанд. Баъзе легионерҳои ӯзбекистониро номбар мекунем: Асадбек Очилов, Сӯҳроб Раҳмонов, Алиҷон Алиҷонов («Кӯктош»), Шаҳзод Шамсиддинов, Зуфарҷон Акбаралиев, Хуршедҷон Олимов, Аббос Икромов, Ҷаҳонгир Сафаров («Истаравшан»). Барои маълумот. Соли гузашта дар Тоҷикистон 20 нафар футболбози Ӯзбекистонӣ тӯб ронд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ