Алексей Навалний дар зиндон гуруснанишинӣ эълон кард


Алексей Навалний, мухолифи ҳукумати Русия, ки ҳоло дар зиндон аст, гуруснанишинӣ эълон кард. Дар ин бора дар сафҳаи ӯ дар Твиттер хабар гузошта шуд.
Дар хабар чунин гуфта мешавад, «Ҳар як зиндонӣ ҳаққи гузаштан аз назорати шифокорро дорад, ҳатто ман, ки ҳеч айбе надорам. Талаб мекунам, ки шифокор ба наздам ояд, то даме, ки ин талаби ман иҷро намешавад, гуруснагӣ эълон мекунам».
Дар сафҳаи ӯ дар Инстаграм чунин навиштаеро гузоштанд, “Ба ҷойи ёрии тиббӣ маро намегузоранд, ки хоб кунам. Маҳбусони “фаъол” маҳбусони оддиро метарсонанд, то атрофи маро тоза накунанд. Чунин одамон барои як бонка шир омодаанд модари худро бифурӯшанд”.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ