1 апрел – зодрӯзи академик Ботурхон Валихоҷаев


Академики Фарҳангистони улум, арбоби фани шоистаи Ӯзбекистон 1-уми апрели соли 1932 дар Самарқанд чашм ба ҳастӣ кушод.
Ботурхон Валихоҷаев Донишгоҳи давлатии Самарқандро хатм кардааст. Ӯ тӯли фаъолияти касбии худ дар ин донишгоҳ дар вазифаҳои омӯзгорӣ, муовини декани факултет, декан, мудири кафедраҳои забону адабиёти тоҷикӣ ва ӯзбекӣ, мудири кафедраи таърих ва проректор кор кард.
Олим эҷоди шоироне чун Низомӣ, Ҷомӣ, Ибн Сино, Навоиро, тасаввуф ва намояндагони онро, таърихи адабиёт, адабиётшиносӣ, робитаҳои адабиро таҳқиқ кардааст.
Аз ӯ осори гаронбаҳое боқӣ монд. Рисолаҳои илмӣ ва китобҳои дарсии фаровон, аз ҷумла, “Ўзбекистон адабий-танқидий қарашлари тарихидан», «Ўзбек эпик поэзияси тарихидан», «Навоий ижоди — илҳом манбаи», «Хожа Аҳрор Вали», «Хожа Аҳрор тарихи» ба қалами Ботурхон Валихоҷаев мансуб аст.
Асарҳои ӯ дар Русия, Афғонистон, Туркия ва Эрон нашр шудааст.
Ботурхон Валихоҷаев 25-уми августи соли 2005 даргузашт.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ