Ҳикматҳо


1. Боварӣ ба қувваат қувва мебахшад.
2. Шахсеро, ки ба худаш боварӣ дорад, мағлуб карда намешавад.
3. Дар диле, ки нафрат ҷой гирифтааст, ишқ нест.
4. Касе ки некиро аз бадӣ фарқ карда наметавонад, дар ҳар қадам панд мехӯрад.
5. Ҳаракат касро ба мақсад наздик мекунад.
6. Дард далериро мағлуб карда наметавонад.
7. Агар шумо хоҳед, ки вақтатонро назорат кунед, як дақиқаро ҳам беҳуда нагузаронед.
8. Дақиқа ҳам як зарраи зиндагӣ аст.
9. Вақти барои интиқом сарфкарда хандаовартарин вақт аст.
10. Масофаи байни ҳавас ва ҳасад як қадам мебошад.
11. Аз дудилагӣ таваккал кардан беҳтар аст.
12. Одаме, ки аз дасташ кор меояд, дар кӯча намемонад.
13. Дили аз як сухан мондаро, бо ҳазор сухан бардошта намешавад.
14. Қайсарии кас ба худ қимат меафтод.
15. Ҷасорат дар дил аст, на дар забон.
16. Касеро фиреб додан аблаҳии худро нишон додан аст.
17. Агар шумо хатоҳои худро донистан хоҳед, дигаронро гӯш кунед.
18. Одамони хуб дар ҷаҳон бисёранд. Агар бо ҳамин боварӣ зиндагӣ кунед, дилатон равшан, роҳатон кушода мешавад.
19. Агар вақташ расад, кори дар як сол иҷро нашуда, дар як рӯз ба анҷом мерасад.
20. Агар қалб ором бошад, барои инсон аз ин хушбахтии бузург нест.
Аз китоби «Бахтли ҳаёт сари»
Тарҷима ва таҳияи Лола РАҲИМОВА

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ