Ҳар рӯз бояд чормағз хӯрд!


Агар шумо дар як рӯз як каф чормағз бихӯред, саломатии шумо беҳтар мешавад.
Мӯй камтар мерезад. Мӯйҳои солим ба намуди зоҳирӣ ва боварӣ ба худ хеле таъсир мерасонад.
Чормағзҳо ба майнаи сар монанд аст. Дар таркиби он селен — минерали барои организми мо зарурӣ мавҷуд. Ба одамоне, ки ин минерал намерасад, аз рехтани мӯй ва кал шудан азият мекашанд, истеъмоли бештари чормағз муфидовар аст.
Шамолхӯрӣ ва грипп. Ҷисми шумо бояд қавӣ бошад, то ки бемор нашавед. Дар атроф, дар ҳақиқат бисёр хатарҳо: дастаи дар, ҷиҳозҳои хона ва ҳатто телефони дастии шумо пур аз бактерияҳо аст.
Нохунҳо мустаҳкамтар мешаванд. Агар чизе барои мӯй фоиданок бошад, он барои нохунҳо низ чунин хоҳад буд. Агар шумо нохунҳои борик дошта бошед, ҳар рӯз чормағз хӯред.
Агар шумо бо варзиш машғул шавед, ин ба шумо маъқул мешавад. Вақте ки дар зал машғул мешавед, ба шумо бештар магний лозим аст, назар ба он вақте ки дар хона мешинед.
Мӯйҳоятон зудтар афзоиш меёбад ва боқувват мешавад. Чормағз боз як унсури дигар – биотинро дарбар мегирад, ки на танҳо рехтани мӯйро пешгирӣ мекунад, балки ба афзоиши зудтари мӯй мусоидат мекунад.
Истеъмоли ҳамарӯзаи чормағз ҳуҷайраҳои майнаро аз пиршавӣ муҳофизат мекунад.
Чормағз дар мубориза бо радикалҳои озод кӯмак мерасонад. Инҳо молекулаҳо аз муҳити атроф ва ғизое мебошанд, ки бо коллаген пайваст мешаванд ва дар организм синтез мекунанд.
Агар шумо хоҳед, ки вазн партоед, чипсҳои равғанинро бо чормағз иваз кунед.
Кайфияти хуб. Чормағз аз кислотаи чарбии омега-3 бой аст. Одамони солим, ки омега-3 намегиранд, ғамгин мешаванд ва ҳатто метавонанд ба депрессия афтанд.
Чормағз манбаи моддаҳои зиёде мебошад, ки организм ба онҳо ниёз дорад ва шумо наметавонед онҳоро қабул кунед. Дар онҳо 65 фоиз чарбҳои солим ва 15 фоиз сафеда ҳаст. Агар шумо экзема ва захм (язва) дошта бошед, дар истеъмоли чормағз эҳтиёт шавед.
Чормағз бихӯред ва солим бошед!
Тарҷима ва таҳияи Л.РАҲИМОВА

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ