Як қисми сарбозони амрикоӣ Халиҷи Форсро тарк мекунанд


Ҷо Байден, раисҷумҳури Иёлоти муттаҳидаи Амрико ба вазорати мудофиаи кишвар дастур дод, то як қисми сарбозони амрикоиро аз Халиҷи Форс берун оваранд.
Бино ба хабари “Interfax.ru” ба нақл аз рӯзномаи “The Wall Street Journal”, чандин ҳавопаймои ҷангӣ, техникаҳои ҳарбӣ ва системаҳои назоратии ИМА-ро ба минтақаҳои дигари ҷаҳон мекӯчонанд, чун ҳоло “вазъияти ИМА” ҳаминро тақозо мекунад.
рӯзномаи “The Wall Street Journal” менависад, ки ин маънои онро дорад, ки “ҳазорон низомӣ минтақаро тарк мекунанд”. Бар асоси маълумоти рӯзнома, соли гузашта шумори сарбозони амрикоӣ дар Халиҷи Форс тақрибан 50 ҳазор нафар буд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ