Имрӯз дар Москва ҷамъомади Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ баргузор мешавад



2 апрел дар Москва ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) таҳти раёсати Ҷумҳурии Беларус баргузор мешавад. Бори аввал аз моҳи октябри соли 2019 инҷониб ҷаласа дар қолаби ҳузурӣ сурат мегирад, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ.
Қарор аст, ки вазирони корҳои хориҷӣ оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби ИДМ мубодилаи афкор намуда, ҷараёни татбиқи Барномаи амалро оид ба густариши шарикӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии кишварҳои узви ИДМ ва татбиқи Нақшаи машваратҳои бисёрсатҳаи байни вазоратҳои корҳои хориҷиро дар доираи Иттиҳод дар соли 2020 баррасӣ кунанд.
Илова бар ин, вазирон санадҳоеро, ки ба баррасии Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ пешниҳод карда мешаванд, қаблан мувофиқа мекунанд. Ин, пеш аз ҳама, лоиҳаи Муроҷиати Сарони давлатҳо ба халқҳои кишварҳои Иттиҳод ва ҷомеаи ҷаҳонӣ дар робита ба 80-солагии оғози Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 мебошад.
Ду санаде, ки лоиҳаҳояшон барои тасдиқ аз ҷониби Шӯрои вазирон пешниҳод гардидаанд, баъдан барои баррасӣ ба Шӯрои сарони ҳукуматҳо фиристода мешаванд. Ин санадҳо ҳамкорӣ дар соҳаи геодезия, картография, кадастр ва таҳқиқи зондии фосилавии Замин ва таъсиси ташкилоти заминавӣ дар соҳаи тайёрии амалиётӣ-стратегии афсарони қувваҳои мусаллаҳро фаро мегиранд.
Интизор меравад, ки дар ин ҷаласа нақшаҳои амалии миёнамуҳлат оид ба татбиқи стратегияҳои дар Иттиҳод амалкунанда — рушди ҳамкорӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, ҳамкории байналмилалии ҷавонон ва соҳаи сайёҳӣ тасдиқ карда шаванд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ