Эмкунии аҳолӣ бар зидди коронавирус оғоз гардид

Аз 1-уми апрел дар саросари кишварамон ҷараёни муҳими мубориза бар зидди пандемияи коронавирус – эмкунии аҳолӣ оғоз шуд. Оғози ин ҷараён дар вилояти мо дар бемористони оилавии рақами 4-и шаҳри Самарқанд сурат гирифт. Толиб-­бобо Муродов, сокини маҳаллаи Боғбон аввалин самарқандӣ буд, ки бо ин дору эм шуд.
Дар вилоят ба ваксиназанӣ чӣ гуна омодагӣ диданд?
Дар вилояти мо барои ваксиназанӣ ба аҳолӣ 411 маркази эмкунӣ ва 186 гурӯҳи тиббӣ таъсис ёфтааст. Барои баргузории ин ҷараёни муҳими тиббӣ 367 шифокор ва 724 корманди тиббӣ дар чорчӯби дастури махсус бозомӯзӣ гардиданд ва ба кор сафарбар шуданд.
Барои нигоҳдории ваксинаҳо якто анбори марказӣ ва 16-то анбори ҳудудӣ фаъолият доранд. Ин анборхонаҳо барои босифат нигоҳ доштани ваксинаҳо бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ таъмин мебошанд.
Эмкунии одамон чӣ тавр мегузарад?
Касе, ки барои эмкунӣ ба маркази ваксиназанӣ меояд, аввал аз назорати комили тиббӣ мегузарад. Агар саломатии вай муаммое надошта бошад, ӯро ба хонаи эмкунӣ мебаранд ва ваксина мезананд. Сипас, ӯро ба хонаи назоратӣ мебаранд ва мутахассисон ҳолати ӯро баъди эмкунӣ аз назар мегузаронанд.
Донистан хуб аст
– Эмкунӣ маҷбурӣ нест, ихтиёрӣ аст;
– дар марҳилаи аввал шахсони синнашон аз 65 боло ва кормандони тиббӣ эм мешаванд;
– барои эмкунии аҳолии вилояти Самарқанд 65 200 дона ваксинаи ZF-UZ-VAC2001 (чинӣ-­ӯзбекӣ) ва 69 000 дона ваксинаи «Ковишилд» (ҳиндӣ) захира шудааст;
Шахсони зерин бар зидди коронавирус эм намешаванд:
1) шахсоне, ки синнашон аз 18 поён аст;
2) шахсоне, ки ба дору аллергия доранд;
3) шахсоне, ки ҳангоми ваксиназанӣ таб доранд;
4) ҳомиладорон ва модарони кӯдаки ширхора.
Дар Самарқанд 118 858 нафар дар синни 65–74, 38 904 нафар дар синни 75–84 ва 10458 нафар дар синни боло аз 85 зиндагӣ мекунанд.

У.ҲАЗРАТҚУЛОВ.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ