Гули ХОНУМ: Коре кунед, ки он воқеан аз дастатон меояд…

Моҳи марти соли ҷорӣ дар толори Маркази ҷавонони шаҳри Самарқанд вохӯрии духтари самарқандӣ Гули Хонум (Муродова), ки ҳоло дар Лондон зиндагӣ мекунад, бо ҷавонон доир гардид. Ӯ имрӯзҳо якҷоя бо зан-духтарон як катор лоиҳаҳоро амалӣ месозад ва ба хонадонҳои камбизоат ёрӣ мерасонад.
Дар яке аз чунин вохӯриҳо моро имкон даст дод, ки бо ин зани саховатманду омӯзгор сӯҳбат кардем.
– Вақте ки ба мо дороиро додааст, мо бояд ба касоне, ки мехоҳанд ба ҷои мо бошанд, биёмӯзонем, то онҳо ҳам бар сафи мо ҳамроҳ шаванд, – мегӯяд Гули Хонум.
– Шумо имрӯзҳо саргарми чӣ корҳо ҳастед? Дар бораи худ андак маълумот диҳед, то хонандагони мо бо шумо аз наздик ошноӣ пайдо кунанд.
Ман дар Самарқанд таваллуд шуда, ба воя расидам. Коллеҷи тиббии Самарқандро хатм кардаам. Ду сол дар филиали самарқандии Маркази илмии ёрии тиббии таъҷилии ҷумҳурӣ ба ҳайси ҳамшираи шафқат кор кардам. Ба Англия барои идомаи таҳсил рафтам ва дараҷаи бакалаврии худро дар бахши менеҷмент бомуваффақият хатм кардам. Баъдтар ба таҳсил дар соҳаи молия гузаштам. Ҳангоми таҳсил, ман ба ҳайси менеҷери як ширкати Белгия фаъолияти худро шурӯъ намудам. Ин ширкат шоколадҳои Белгияро мефурӯхт. Дар он ҷо бо шавҳарам ошноӣ пайдо кардам ва пас аз чанд сол издивоҷ кардем.
Ману ҳамсарам ширкати «Silk Road Global»-ро таъсис додем. Ман маҳсули корҳои ҳунармандон ва меҳнати дастии мардуми кишварамонро мехарам ва барои фурӯши онҳо дар интернет кор мекунам. Дар соҳаи рушди сайёҳии Ӯзбекистон низ саҳм гузоштан мехоҳам. Ба қадри имкон кӯшиш мекунам, ки ба Ӯзбекистон сармоягузорӣ намоям. Ҳар қадаре ки тавонистам, ба ин ҷо корҳои саховатмандӣ ва хайрияро ташкил намудам, то ба ниёзмандон кӯмак расонам. Зеро ман ватани худ­ро дӯст медорам.
Дар Ӯзбекистон кам нафароне ҳастанд, ки забони англисиро хуб медонанд. Бисёриҳо орзуи ба донишгоҳҳои бонуфузи хориҷа рафтанро доранд, аммо ҳама наметавонанд.
Мо дар Ӯзбекистон дар ин роҳ ҳам кори худро шурӯъ кардем, то аз шароити фароҳамовардаи Президент барои сармоягузорон истифода барем.
Ман ба ин ҷо чор омӯзгори соҳиб­ихтисосро аз донишгоҳҳои Бритониё овардам. Мехоҳам, ки ҷавонони Ӯзбекистон забони англисиро аз одамоне, ки бо ин забон гап мезананд, биомӯзанд. Ҳоло London College of English барои ҳамватанони аз 7 то 70-сола, ки ба омӯхтани забон майл доранд, боз аст.
Боз ман расмҳо мекашам. Як вебсайти шахсӣ дорам, ки дар он расмҳои кашидаам ҷойгир карда мешаванд.
– Барои муваффақ шудан дар кор ба чӣ бояд диққат дод?
– Ман ҳоло дар кишварамон барои зан-­духтарон ва мӯҳтоҷон дарсҳои ройгони мотиватсиониро мегузарам. Ба камбизоатҳо кӯмак медиҳам, то дар оянда онҳо роҳи худро ёбанд.
Барои муваффақ шудан дар соҳаҳои гуногун пайваста меҳнат кардан даркор. Таҷрибаомӯзиро идома додан, роҳҳои гуногуни ҳалли кори худро омӯхтан, чӣ гуна онро ба анҷом расониданро аз одамон пурсидан лозим.
Шумо бояд кореро кунед, ки он воқеан аз дастатон меояд. Бифаҳмед, ки чӣ тавр дигарон ин корро кардаанд. Хатогиҳоро дида бароед ва ислоҳ кунед. Аз ҳама муҳимаш ноумед нашавед.
– Назари шумо дар бораи баробарии гендерӣ чӣ тавр аст?
– Дар заминаи баробарии гендерӣ дар кишварамон ман фикр мекунам, ки бо оҳистагӣ ба натиҷаҳои хуб мерасем. Он шарту шароитҳое, ки барои мардҳо мавҷуд аст, аз онҳо зан-­духтарони мо ҳам истифода бурда метавонанд.
– Курсҳои ройгони шумо ба зан ва духтарон чӣ гуна таъсир мерасонанд?
– Ин курсҳо на танҳо дар кишварамон, балки дар давлатҳои ҳамсоя низ роҳандозӣ шудааст. Онҳо барои ҳама бепул аст. Дарсҳо тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам амалӣ мегардад. Аз ин зан-­духтарон бисёр шод ҳастанд. Дар он мо оиди роҳбарӣ, дуруст ба роҳ мондани фаъолияти тадбиркорӣ ва ғайра маълумот медиҳем.
Ман бо зан-­духтарони кишварамон фахр мекунам. Аз онҳо дар оянда «лидер»-ҳо мебарояд.
– Таманнои шумо ба муштариёни рӯзномаи «Овози Самарқанд»…
– «Овози Самарқанд» яке аз дӯстдош­татарин рӯзномаи ман аст. Забонаш равону фаҳмо. Ба кормандон ва хонандагони рӯзнома сиҳат-­саломатӣ, бахт ва омадро таманно дорам.

Муҳосиб 
Ш.КЕНҶАЕВ
.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ