Намояндагони халқ талаб кунанд корҳо амалӣ мешаванд



Дирӯз сессияи бисту ҳафтуми Шӯрои намояндагони халқи вилояти Самарқанд баргузор гардид. Ба сессия раиси Шӯро, ҳокими вилоят Э. Турдимов сарварӣ кард.
Шумо танҳо нестед!
Дар сессия аввал ҳисоботи ҷонишини ҳокими вилоят роҷеъ ба сиёсати ҷавонон, корҳои рушди иҷтимоӣ ва маънавию маърифатӣ Х. Очиловро дар бораи амалҳое, ки дар вилоят бобати таъмини ба ҷамъият мутобиқшавии иҷтимоии ҷавонони аз парастории волидон маҳрумгардида, тарбиягирандагони «Хонаҳои меҳрубонӣ» иҷро карда мешаванд, шуниданд.
Маълум шуд, ки дар ҳисоби идораҳои васигӣ ва ҳомигии вилоят 5148 нафар бачаҳои то 18-солаи ятим ва аз парастории волидон маҳрумгардида будаанд. Аз онҳо 2912 нафар ба васигӣ, 998 нафар ба ҳомигӣ, 1209 нафар ба фарзандӣ ва 29 нафар барои тарбия ба оилаҳо дода шудаанд. Хулоса, таъминоти онҳо пурра ба роҳ монда шудааст, вале масъалаи бо хонаву ҷой таъмин кардани 99 нафари онҳо мавҷуд буда, 59 нафарашон дар ҳокимияти шаҳру ноҳияҳо ба рӯйхати мӯҳтоҷони хонаву ҷой дохил карда шудаанд, ҳуҷҷатҳои 40 нафари дигар расмӣ карда мешавад.
Дар ҳисобот инчунин пешниҳодҳо роҷеъ ба дастгирии иҷтимоии ятимон ва ҷавонони аз парастории волидон маҳрумгардида баён карда шуданд. Ҳамаи ин корҳо ба ин нигаронида шудааст, ки ятимон худро дар муқобили муаммоҳо танҳо ҳис накунанд.
Сипас намояндагони халқ ҳисоботи моҳи марти соли 2021-ро роҷеъ ба иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон аз 3-юми феврали соли 2021 «Дар бораи Барномаи давлатӣ роҷеъ ба амалӣ кардани Стратегияи ҳаракатҳо доир ба панҷ самти бартариноки ривоҷдиҳии Ҷумҳурияти Ӯзбекистон дар солҳои 2017–2021 дар соли дастгирии ҷавонон ва мустаҳкамсозии саломатии аҳолӣ» баррасӣ карданд.
Аз рӯйи ҳар ду ҳисобот қарорҳои сессия қабул карда шуданд.
Активҳои давлатие, ки ба савдо гузаштаанд
Аз ҳисоботи сардори садорати вилоятии Агентии идораи активҳои давлатӣ С. Маҳмараҳимов роҷеъ ба иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон аз 27-уми октябри соли 2020 «Дар бораи чораҳо оид ба ислоҳсозии босуръати корхонаҳо бо иштироки давлат ва хусусигардонии активҳои давлатӣ» маълум шуд, ки бар асоси фармони мазкур дар вилоят аз 68-то активҳои давлатии хусусӣ кардани онҳо муайяншуда 52-тоаш (76,5 %) ба савдои музояда гузошта шуда, 31-тои онҳоро (45,6 %) ба 69,0 млрд. сӯм фурӯхтаанд. Аз нишондиҳандаҳои мазкур маълум аст, ки ҳоло дар ин самт аз имкониятҳо пурра истифода набурдаанд.
Бинобар ин, ҳокимияти вилоят барои омӯхтани муаммоҳои мулкӣ, ҳуқуқӣ ва молиявии бозор ва маҷмӯъҳои комплексӣ ҳайати гурӯҳи кориро тасдиқ кард, ки маълумотҳои таҳлилии натиҷаи омӯзиши он ба муҳокимаи навбатӣ дар Шӯрои намояндагони халқи вилоят гузошта мешавад.
Муҳокимаи такрорӣ
Намояндагони халқ ҳисоботи Сарсадорати вилоятии Палатаи кадастрҳои давлатии Агентии кадаст­ри тобеи Кумитаи давлатии андози Ҷумҳурияти Ӯзбекистон (Ш. Рӯзиқулов), садорати вилоятии Агентии кадастр (Ф. Худойқулов) ва ҷонишини якуми сардори Садорати давлатии андози вилоят Ф. Аҳмадҷоновро дар бораи корҳое, ки барои таъмини иҷрои қарори Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон аз 24-уми феврали соли 2021 «Дар бораи чораҳои иловагӣ роҷеъ ба истифодаи заминҳои барои хоҷагии қишлоқ пешбинишуда ва такмил додани сохтори ҳифзи он»-ро таҳти рақами ҚП‑5006 қаблан дар сессияи пешина шунида буданд, вале онро қабул накарданд. Ин дафъа ҳисоботи масъулон дар ин самт дар мисоли ба рӯйхатгирии корҳое, ки дар хонадонҳо ва заминҳои наздиҳавлигии аҳолӣ дар Ҷамъомади шаҳрвандони маҳаллаи Вағаштии ноҳияи Ургут амалӣ гардидаанд, шунида шуд. Он на танҳо қабул, балки давом додани корҳо дар мисоли ин таҷриба дар маҳаллаҳои дигари вилоят пешниҳод гардид. Таҷриба нишон дод, ки агар намояндагони халқ талаб кунанд, бисёр корҳоро амалӣ кардан мумкин аст.
Ҳисобот ва масъалаҳои дигар

Дар сессия намояндагони халқ инчунин ҳисоботи директори филиали таъминоти гази «Ҳудудгаз Самарқанд» О. Исоқуловро «Дар бораи корҳое, ки дар вилоят роҷеъ ба ҷорӣ кардани сохтори автоматикии назорат ва ҳисоби гази табиӣ амалӣ карда мешавад», масъалаҳои дохил кардани тағйирот ба рӯйхати гурӯҳи намояндагони халқ, ки аз Ҳаракати соҳибкорон ва корчаллонҳо – Ҳизби либерал-­демократии Ӯзбекистон ба Шӯрои вилоят интихоб шудаанд, инчунин, истифодаи манбаъҳои иловагии буҷети маҳаллии вилоятро шунида, баъди муҳокимаҳо қарорҳо қабул карданд.
Сессия бо ҳамин кори худро ба охир расонд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ