Андеша ва розҳо



ДИЛСӮЗОНИ ХАЛҚ
Бисёр дидаам ва мушоҳида кардаам. Онҳое бисёранд, ки бо таъбире, бо гург дариданд гӯсфандрову бо шубон гиристанд. Пас аз рафтан аз мансаб маротибаҳо гӯянд: «ҷони халқи бечора оё дар дасти ӯст, чаро мардумро зиндагии осоишта нест?» Пас аз сабукдӯш шудан аз мансаб чунин одамон дилсӯзи халқ шаванд, худро як қурбонии беадолатӣ бидонанд. Суоле бармеояд: чаро дар замоне, ки соҳибмансаб, соҳибқудрат буданд, барои осонтар кардани мушкилоти халқ кореро анҷом надоданд?
НАХЛИ МАН
Рӯзону шабон аз тиреза бинамояд нахли зардолу. Рӯзҳо вай бишавад рӯшан аз сафедии рӯз, нурҳои офтоб ба оғӯш бигиранд шоху шохсорашро, баргҳояшро. Дар тӯли рӯз равшании онҳоро иҳотакарда кам шавад, оҳиста онҳоро ба оғӯш бигирад ва шоми сиёҳранг. Гоҳо дар айёми баҳорон сабук биларзанд аз насим гоҳо дар тирамоҳ боди тунд бихамонад шоху шохсори он.
Алъон нафаси тирамоҳ бидамад ба онҳо, баргҳояшон пайи ҳам бирезанд…
Ман мегӯям:
– Аё нахли ман, то айёми гулбасарӣ, шукуфарезӣ, кош ман ва ту зинда бошем.
ДАР КӮДАКӢ ХАНДОНРӮ БУДАМ
Дар айёми кӯдакӣ хандонрӯ будам, ҳеҷ надоштам дар дил ғами дунё. Дар ҷавонӣ ошуфта гардидам аз оташи ишқи нигори ҷамила. Оҳҳои пурсӯз доштам аз ишқаш. Акнун айёми пирӣ, нотавонӣ фаро расида. Ку ҳамдард, дамсоз, ошно, дӯст то бигӯям, бинолам аз бори гарон, ноҳинҷории пирӣ, аз рӯзгори пур аз тазод, нишебу фарози афтода ба китфонам…
ДУР ГИРИФТАМ ХУДРО
Дур гирифтам худро аз одамон, зеро ба дилам расида озорҳо аз онҳо. Бисёр пешпо хӯрдам аз санги дили онҳо… Дур шудам аз мардум, шеваи танҳоӣ дорам дар феълу хӯйи худ.
Роҳи Худованди мутаолро биҷӯям. Чунки танҳо вай бахшоянда, меҳрубон, роҳнамои ман аст дар ин зиндагии мушкил…

Ӯктам ИБРОҲИМ

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ