Дар Ӯзбекистон мардҳо аз 58 солагӣ метавонанд ба нафақа бароянд



Дар бораи ин масъала Хазинаи нафақаи берун аз буҷети тобеи Вазорати молия хабар дод.
Бино ба иттилои манбаъ синни нафақа мувофиқи қонунгузории кишвар барои мардон синни 60-солагӣ дар ҳолати 25 сол собиқаи меҳнатӣ доштан ва барои занон 55-солагӣ дар вазъи 20 сол собиқаи меҳнатӣ доштан муқаррар карда шудааст.

Ба шахсоне, ки аз сабаби тағйиротҳо дар технологияҳо, истеҳсолот ва ташкили меҳнат, дигар шудани адади кормандон(штатҳо) ё ки ихтисор гардидани ҳаҷми кор, ки боиси тағйир ёфтани хусусияти кор мешавад, ё ин ки ба муносибати қатъ гардидани фаъолияти корхона, аз кор озод карда мешаванд ва бекор эътироф мегарданд:

Мардҳо дар синни 58-солагӣ ва дар ҳолати 25 сол собиқаи меҳнатӣ доштан;
Занон дар 53-солагӣ дар вазъи 20 сол собиқаи меҳнатӣ доштан ҳуқуқи ба нафақа баромаданро доранд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ