Сухан бисёр дону андаке гӯй…



Сухан арзиши бебаҳои ҳастӣ аст, ки дар ҷараёни ифодашавӣ на танҳо одам, балки оламро ҳам ташаккул медиҳад. Барои ин сухан бояд маънан ғанӣ бошад. Сухани пурмаъно ҳангоми таъсир ба дигарон онҳоро низ тағйир дода, ба пешравии инсон сабаб мешавад.
Маънан бой гаштани сухан ба худи инсон низ вобаста аст. Чӣ тавр инсон аз арзишҳои илм баҳраманд шавад, онро дар таҷриба татбиқ намояд, суханҳои ӯ ба дигарон таъсири калон мебахшад. Сухани аз илм бегона ва дар таҷриба носанҷида нафақат маъно, балки аҳамияти амалӣ надошта, онро одамон сухани беасос ё ки сафсата мегӯянд. Сухан ҳодисаи тағйирёбанда аст. Инсон дар зиндагӣ ҳамеша дар оғӯши ҳодисаҳои гуногун ва тағйирёбанда, ки умр ба сар мебарад, баробари тағйир ёфтани ҳастӣ сухан ва рафтори худро ташаккул медиҳад. Он чизе ки шумо дар ҷавонӣ гуфта бошед, дар овони пирӣ ба кӯҳна шудани он боварӣ ҳосил карда, аз баҳри он мебароед. Дар байни мардум инро афкори кӯҳна мегӯянд.
Сухан асосҳои маданият ва маънавиятро тарбия мекунад. Барои ин инсон бояд доимо шуур ва тафаккури худро такмил диҳад. Агар инсон ба ин қонуният амал накунад, нафақат маданияти рафтор ва гуфтор, балки сухани ӯ ба манбаи ханда ва истеҳзо мубаддал мешавад.
Низомии бузург бесабаб нагуфтааст:
Сухан бисёр дону андаке гӯй,
Якеро сад магӯй, садро яке гӯй.
Ин нақли одӣ не, балки воситаи муҳими тарбия ба шумор меравад.
Сухан худ аз худ нақше намебозад. Он муаллиф дорад. Яъне одам онро ифода намуда дигаронро ба худ ҷалб мекунад.
Суханронӣ санъат буда, дастури хос дорад. Чӣ тавре ки мебинед, дар радио ва телевизион сухандон матнро бо оҳанги таъсирбахш ифода мекунад. Матни сухан дар ҳама ҷо як навъ хонда намешавад. Мисол тарзи шеърхонӣ ва хониши асари насрӣ, суханҳои шавқовар ва мотам бо ҳар гуна оханг ба шунаванда мерасад.
Маданияти сухан ҳам аҳамияти ба худ хос дорад. Қадри сухан дар он вақт афзун мешавад, ки онро кас бо маданият, бехато ва таъсирбахш ифода кунад.
Ман дар вақти Ҷанги дуюми ҷаҳон ба воя расида, дар мактаб таҳсил гирифтаам. Солҳои мудҳиш, гуруснагӣ, вафоти бармаҳали одамон, офатҳои нангини ҷанг ҳамаро ба ғаму андӯҳ гирифтор карда буд. Рӯзе ду маротиба – нисфи рӯз ва бегоҳӣ албатта радиоро гӯш мекардем. Чунки аз ҳодисаҳои фронт хабардор шудан мазмуни зиндагии мо буд.
Овози сухандони машҳури радиои Москва Левитан ҳамаро ба худ ҷалб мекард. Ӯ хабарҳоро чунон изҳор менамуд, ки вуҷуди кас ба ларза меомад. Шунавандаро ҳаяҷон фаро мегирифт ва ба сухандон қоил мешудем. Левитан хабарҳои расмӣ, хусусан, роҷеъ ба натиҷаҳои ғалаба ва мағлубияти армияро бо овози таъсиркунанда мерасонд.
Имрӯз техника ва технологияи нав дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷамъият васеъ ҷорӣ мегардад. Сухан ва ифодаи он бисёртар ба воситаи интернет, телефони дастӣ ба аҳли шунаванда расонида мешавад. Аммо чӣ қадар воситаҳои техникии ахбор вусъат наёбад, мавқеи сухани зинда ва рӯ ба рӯ асло гум нахоҳад шуд.
Камина дар ҳаёти худ шоҳиди ду воқеаи фаромӯшнашаванда шудаам. Ду маротиба миллионҳо одамро дар як лаҳза ба ҷунбиш оварда, тамоми мамлакатро ба по хезондани сухан ҳоло ҳам манро ба ҳайрат меоварад.
Бори якум 9-уми майи соли 1945 мани ҳафтсола соати 8-и пагоҳӣ аз радио «Сообщение ТАСС» гӯён оғози овози Левитанро шунида, тарсида будам. Вале вай хабари тамом шудани ҷангро хабар дод. Дар хонадонҳо хурду калон якбора қарсак зада «ура, ура» гуфтанду беихтиёр ба кӯча баромадем. Одамон хурсандона ҳамдигарро ба оғӯш мекашиданд.
Дуюм, соати 10-и 11-уми апрели соли 1961, ки дар рӯзномаи вилоятии «Ленин йӯли» кор мекардам, баногоҳ радиои Москва хомӯш шуд. Баъди чанд дақиқа «Сообщение ТАСС» гӯён овози Левитан ба гӯш расид. Ҳамаамон ба якдигар бо ҳаяҷону тарс нигоҳ кардем, ки боз ҷанг сар нашуда бошад. Баъди якчанд дақиқаи ҳаяҷоновар сухандон ба фазо парвоз кардани Юрий Гагаринро гуфта буд, ки дар хонаҳо овози «ура» шунида шуда, ҳама якбора ба кӯча баромадем. Аллакай кӯчаҳо пури одам буд. Донишҷӯёну донишомӯзон, ходимони идораҳои давлатӣ, кормандони завод ва фабрика бо хурсандии том ҳамдигарро табрик менамуданд. Ман бори дигар ба таъсир ва қувваи бузурги сухан ба инсон боварӣ кардам.

Сухан дар ҳама ҷо ва доимо хизмати ҷамъиятиро адо хоҳад кард. Аммо он дар мавриди мушоҳида ва муҳокимаи арзишҳои илмӣ ва маънавӣ аҳамияти ба худ хос дорад.
Мо медонем, ки дар мактабҳои олӣ ва миёна шумораи устодони маъруфи соҳибтаҷриба кам нестанд. Аммо фаъолияти аз имкониятҳои сухандонӣ ва дар амалиёти худ истифодабарии онҳо ба талаб ҷавоб намедиҳад. Таъсири сухан ва маҳорати сухандонии онҳо ба талаби замони имрӯза ҷавоб намедиҳанд. Бояд гуфт, ки сухани бурро, фаҳмо ва таъсирбаъш баъзан аз дониши олим бештар таъсир мекунад. Инро аз муносибати талаба бо устод тез сарфаҳм меравем.
Сухани бадро ҳеҷ кас намебахшад. Агар он маънои сиёсӣ дошта бошад, хеле хавфнок мешавад. Мисол, боре ходими таҳририяти рӯзнома дар вақти навбатчигии худ дар мақолаи расмӣ ба хатое роҳ дод. Дар натиҷа якчанд ходими идора аз кор барканор шуданд. Дар мақола ба ҷойи сухани «коммунистик қурилиш» «коммунистик қирилиш» чоп шуда буд. Сухани инсон ҳар қадар амалӣ гашта, ҳақиқат будани он исботи худро ёбад, баробари боварӣ, ҳурмат ва эҳтироми шахс зиёд мегардад.
Сухан барои инсон омили дӯстӣ ва душманӣ мешавад. «Забонам – душманам» на танҳо нақли халқӣ, балки пояи асосии муносибати байни одамон аст. Аз ин ҷо беҳуда нагуфтаанд, ки инсон бояд бисёр ва амиқ фикр карда баъд сухан гӯяд, маъқул аст.
Сухан гуфтан осон. Ҳама метавонад бисёр сухан ронад. Аммо иҷрои он кори мушкил. Барои ҳамин ҳам ҷавобгарӣ ва масъулияти инсон дар назди сухан яке аз омилҳои асосии ҳаёт, пешравии инсон ва ҷамъият ба шумор меравад.

Хуршед САМЕЪБОЕВ, профессор.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ