Дар Ӯзбекистон корхонаи мошинсозии Renault Avtovaz месозанд


Азим Аҳмадхӯҷаев, муовини ҳокими вилояти Ҷиззах рӯзи 31 март дар Тошканд бо Брис Рокфей, намояндаи муваққати Фаронса дар Ӯзбекистон мулоқот кард. Дар ин бора худи Азим Аҳмадхӯҷаев дар Фейсбук навишт.
Дар мулоқот масъалаҳои ҳамкорӣ баррасӣ шуд.
Ба гуфтаи Аҳмадхӯҷаев, соли ҷорӣ дар вилоят корхонаи мошинсозии Renault Avtovaz сохта мешавад.
Ҳамчунин, созишномаи ҷалби ширкатҳои сайёҳии фаронсавӣ барои рушди заминаи сайёҳӣ дар Ҷиззах имзо гардид.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ