Деҳқонони Самарқанд дар 17928 гектар картошка мекоранд


Дар мамлакати мо барои ҷорӣ кардани технологияҳои нави истеҳсоли картошка ва дастгирии деҳқононе, ки ин навъи сабзавотро парвариши мекунанд, беш аз пеш эътибор дода мешавад.
Аз ҷониби Садорати вилоятии назорати маҷмӯи Агросаноати назди Девони Вазирон ва шӯъбаҳои ноҳиявии он бо мақсади таъмини иҷрои қарори Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон аз 6-уми майи соли 2020 «Дар бораи чораву тадбирҳои рушди истеҳсоли картошка ва тухмипарварӣ» таҳти рақами ҚП‑4704 тадбирҳо амалӣ мегарданд. Бино ба талаботи қарор, соли 2021 дар вилоят дар 17928 гектар майдон кишти тухмии картошка ба нақша дароварда шудааст. 8122 гектари он майдони асосии кишти картошка мебошад. Ҳамчунон, дар 9806 гектар майдони аз ғалла холишуда такроран картошка корида мешавад.
Деҳқонон барои гирифтани ҳосили хуби картошка имсол киштукори навъҳои босифати тухмиҳое мисли «Пекас», «Гала», «Фонтанэ», «Эволюшн», «Аризона», «Монто карло», «Фонтана»-и супер элита, элита ва Р‑1-и картошкаро ба нақша гирифтаанд.
Садорат ҳоло барои таъмин кардани корхонаҳои кластерӣ ва хоҷагиҳои фермерӣ бо 28427 тонна тухмии картошка тадбирҳои назоратӣ мегузаронад ва тухмиҳои картошкаро захира мекунад. Тухмиҳо бо маблағҳои кредитҳои бонкӣ харид мешаванд.
Ҳамчунин, соли ҷорӣ дар ноҳияи Булунғур дар 2866 гектар, дар ноҳияи Ҷомбой дар 1400 гектар ва дар ноҳияи Тайлоқ дар 1100 гектар майдон барои кишти навъҳои серҳосили картошка амалиёти агротехникӣ амалӣ мегарданд.
Имсол дар вилояти Самарқанд ҷамъоварии 129434 тонна ҳосили картошка дар нақша аст.

Хушнуд НУРБЕКОВ,
сарнозири садорати вилоятии «Ӯзагроинспексия»

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ