Роналду ситораи “Барселона”-ро дастгирӣ кард


Ҳамлагари «Ювентус» Криштиану Роналду форварди ҷавони «Барселона» — Ансу Фатиро, ки эҳтимол дорад бо сабаби ҷароҳат боқимондаи мавсимро аз даст диҳад, дастгирӣ кард.

“Ту ба зудӣ бармегардӣ. Ба пеш», — навиштааст Роналду дар Инстаграми худ.

Фати моҳи ноябри соли гузашта дар бозӣ бо “Бетис” маҷруҳ шуда буд ва пас аз он ҷарроҳӣ гардид. Тибқи пешгӯиҳо, ӯ мебоист дар бозии ҷавобии марҳилаи 1/8 ниҳоии Лигаи чемпионҳо бо Пари Сен-Жермен (1: ) бармегашт, аммо барқароршавӣ ба таъхир афтод. Хабар дода шуд, ки шояд ӯ ба амалиёти ҷарроҳии дигар ниёз дошта бошад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ