Барои чӣ чашм мепарад?


Асабонӣ паридани чашм – ҳолати спазмаест, ки нахҳои асаби мушакҳои чашм аз ҳад зиёд монда шудаанд.

Аз ҳад зиёд қаҳва менӯшед
Истеъмоли зиёди қаҳва низ метавонад сабаби паридани чашм шавад. Аз таъсири кофеин мушакҳо таранг мешаванд. Барои пешгирии чунин ҳолат нӯшидани қаҳваро кам кунед.

Шумо стресс доред
Тана стрессро бо усулҳои гуногун ифода мекунад. Асабӣ паридани қавоқи чашм яке аз ин усулҳо мебошад. Барои ин сабабҳои стрессро мушоҳида карда, муамморо бояд бартараф кард.

Бехобӣ азият медиҳад
Мушакҳои қавоқ яке аз мушакҳои ҳассос ва нозуки тана мебошад. Агар хоб кам шавад, чашм монда мешавад ва мушакҳои атрофи чашм мепарад. Барои ин муамморо бартараф кардан – барвақттар хоб равед. Дар як сутка набояд аз 8 соат кам хобед.

Ба шумо дигар айнак лозим
Агар чашматон вақти мутолиаи китоб парад, назди окулист рафтанатон зарур аст.
Тарҷима ва таҳияи Лола РАҲИМОВА

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ