Нидерландия истифодаи ваксинаи AstraZeneca-ро комилан қатъ кард


Ҳукумати Нидерландия истифодаи ваксинаи ширкати AstraZeneca-ро ба таври комил қатъ кард. Рӯзе пеш дар кишвар эмкунии пиронсолон бо ин ваксина манъ шуда буд.
Бино ба хабари NL Times, шифокорон кашф карданд, ки баъди эмкунии чандин нафар бо ваксинаи AstraZeneca дар онҳо нишонаҳои бемории тромбоз пайдо шуд.
Чанде пеш дар Британияи Кабир низ беш аз 30 ҳолати пайдошавии тромбоз баъди эмкунӣ сабт шуда буд.
Баъди он, ки Агентии доруҳои Иттиҳоди Аврупо ваксинаро бехатар эълон кар, Олмон, Италия, Фаронса ва чанд кишвари дигар истифодаи онро идома дод.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ