Беҳтарин тӯҳфа китоб аст!



Аз қадим гузаштагони мо китобро қадр ва ситоиш карда, онро чун дӯсти безабон, ҳамрози одамон тавсиф намудаанд. Тӯли солҳо бисёр шоҳид шудаем, ки одамони китобхону китобдӯст ба комёбиҳои зиёд ноил гардида, дар ҳаёт муваффақу хушбахт гардидаанд.
Ҳоло дар мактаби мо китобхонаи хурдакаке амал мекунад ва дар бойгонии он теъдоди китобҳо камшумор аст. Соле як маротиба марафони китоб ташкил мекунему волидон ба китобхона дар доираи имкон китобҳои рангоранг тӯҳфа менамоянд.
Бо вуҷуди ин, адади китобҳои бадеӣ хеле кам мебошад. Ҳатто норасоии китобҳои дарсӣ мушоҳида мешавад. Масалан, ба мактаби мо ду сол китоби «Забони тоҷикӣ» барои синфи ёздаҳ тақдим нагардид. Борҳо ба ташкилотҳои мутасаддӣ муроҷиат кардем, лекин садои мо ба ҷое нарасид…
Чанде пеш декани факултети хизматҳои банку молияи Донишкадаи давлатии иқтисодиёт ва сервиси Самарқанд, профессор Олим Пардаев ва ҷонишини декани факултет, доктори фалсафа Хуршед Самадов дар мактаби мо меҳмон шуданд.
Миёни сӯҳбат муаммои китобро ба онҳо гуфтам. Хуршед Самадов номи китобро дар дафтари худ қайд карда, ваъда доданд, ки дар ҳалли ин мушкилот ёрии амалӣ мерасонанд.
Аз байн чанд рӯз гузашту Хуршед Самадов ба ваъдаашон вафо карда, барои синфи ёздаҳум 15 дона китоби «Забон»-ро оварданд.
Аз ин тӯҳфаи марди фидокор ва якқавлу якдил ҷамоаи мактаб хеле хурсанд шуд.

Миҷгона ХОҶАЕВА, омӯзгори мактаби таълими умумии рақами 19-уми ноҳияи Пастдарғам

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ