Дар Самарқанд маркази гепатология фаъолият оғоз кард


Акнун ба Тошканд рафтан шарт нест
Дар назди шифохонаи бемориҳои сироятии вилоят “Маркази Гепатология” ба фаъолият шурӯъ кард.
Бино ба хабари Зарнюз, барои сохтусози ин марказ 5,2 миллиард сӯм сарф шуд. Бинои марказ сеошёна аст.
Дар марказ барои муоина, муолиҷа ва назорати бемориҳои гепатит В,С,Д, сиррози печен шарту шароити зарурӣ фароҳам мебошад. Дар маркази гепатология мутахассисони соҳибтаҷруба кор мекунанд.
Аҳолии вилоят пеш барои муоинаи комили бемориҳои ҷигар ба Тошканд мерафтанд. Акнун дигар ҳоҷати рафтан ба пойтахт нест.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ