Асал чӣ фоида дорад?


Беҳтарини он хушбӯй, қивомаш ғафс, таъм ва шириниаш гуворо ва инчунин сурхранг бошад, ки дар он муми занбӯр, яъне муми хонааш мутлақан набошад, чун онро бо ангушт бардоранд, тор бандад — ин навъаш барои даво беҳтар аст; баъд аз он сафеди наботрангаш бо сифатҳои номбурда бошад, маком дорад. Барои лаззат ва ғизо асали баҳорӣ беҳтар аз тирамоҳӣ аст, вале зимистониаш бадтарини навъҳои он мебошад. Агар таъмаш тунд ё тез гашта бошад, ё кӯҳна шуда, рангаш ба сиёҳӣ печида бувад ва таъми талхи пайдо намуда бошад, зарарнок аст. Агар кӯҳнаи онро бисёр бихӯранд, девона мекунад.
Мизоҷи асали нав дар дараҷаи дувум гарм ва дар якум хушк аст; аз шаш моҳ то як сол мондаи он дар дараҷаи дувум хушк мебошад. Баъзеаш, ки кӯҳна ва тундтаъм гашта бошад, мизоҷаш то дараҷаи севум гарм ва дар дувум хушк аст. Асали хомро гармӣ, поккунандагӣ ва тезиаш зиёда мебошад дар давоӣ. Асале, ки дар ҷӯшонидан бо об, кафкашро гирифта бошанд, гармӣ, поккунандаги ва тундии он камтар аст барои ғизоӣ. Барои ба қивом овардани асал ба он об ҳамроҳ карда, бо оташи паст меҷӯшонанду кафкашро дур намуда, баъд аз оташ фуруд меоваранд — ин асали пок ҳисоб меёбад. Вале эҳтиёт намудан шарт аст, ки сахт наҷӯшад — агар сахт ҷӯшад, асал бинобар нозук будани таркибаш, месӯзад, талх мегардад. Ва агар об дохил накарда биҷӯшонанд, кафкаш ҷудо намегардад. Бояд ба ин ҷиҳатҳои кор риоя кунанд.
Хислатхои шифобахши он: асалро бихӯранд, баданро аз моддаҳои зарарноки нодаркор пок месозад, гиреҳҳо ва даҳани рагҳоро мекушояд; балғами часпак ва рутубатҳоро нест менамояд ва инчунин онҳоро аз ҷоҳои чукур ва дури бадан мекашад ва ҳамчунин моддаҳои нодаркорро аз майна хориҷ мекунад; суст ва нотавон шудани аъзо, истисқо (водянка), зардпарвин, иллатҳои сипурз, душвории шошидан, бодҳои гуногун, иловус (дард ва варами рӯдаҳои борик) ва захҳои сардмизоҷро дафъ мегардонад; санги гурда ва хичак (пешобдон)-ро майда карда мерезонад.
Корозмудагони ин асрор қайд намудаанд, ки ҳар ки иродаи шифо дошта бошад, бояд ки пагоҳӣ ба дили наҳор асалро бо оби борон даромехта биёшоманд. Ҳаким Ҷолинус гуфтааст: «Ҳеҷ чиз беҳтар аз асал нест, дар нафъ аз барои бадан ва илоҷи аксари бемориҳо ва аз барои сириштани давоҳо». Зеро ки ба сабаби часпандагӣ ва ғафсии қивоми худ боиси суръати омезиш ва ҳифзи давоҳо мегардад аз вайроншавӣ. Ва бинобар шириниаш, гуворо будани ниҳодаш, лазиз буданаш барои нест кардани ногуворӣ беҳтар аст, қуввати давоҳоро бо суръат ба узвхои тамоми бадан мерасонад, агар ҳамроҳ карда бихӯранд ва ин фоидаҳои бисёрро соҳиб аст.
Хуллас, асал барои одамони сардмизоҷ ва балғаммизоҷ дар замон, фасл ва маҳалҳои сард фоида дорад, вале барои одамони гарммизоҷ ва мизоҷи хушкдошта ва инчунин дар фаслҳои гармо бихӯранд, зарар мекунад, гарммизоҷонро дарди сар медиҳад. Агар онҳо бисёр бихӯранд, зуд ба хилти сафро, ки аз ҷиҳати мизоҷ гарм ва хушк аст, табдил меёбад, майнаи гарммизоҷро ноҷӯр месозад, қай меоварад, ба бемориҳои сафровӣ ва гарм гирифтор мекунад, ташнагии бисёр меоварад. Давои ин зарарҳояш оби анори турш, оби лимӯ, сирко, кашниз ва меваҳои турш ошомидан аст.
Аз «Канзи шифо»
Таҳияи Л.РАҲИМОВА

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ