9-уми апрел сессияи навбатии Шӯрои намояндагони халқи вилоят гузаронида мешавад


Ҳокими вилоят Э.Турдимов санаи 2-юми апрел ба қарор “Дар бораи даъвати сессияи бисту ҳаштуми Шӯрои намояндагони халқи вилояти Самарқанд, даъвати шашум” имзо гузошт.
Мувофиқи қарор, сессияи бисту ҳаштуми Шӯрои намояндагони халқи вилояти Самарқанд даъвати шашум рӯзи 9-уми апрели соли 2021 дар соати 9:00 даъват карда мешавад.
Ба рӯзномаи сессия масъалаҳои зеринро дохил кунанд:
– тақдимоти ҷонишини якуми ҳокими вилоят Ҷ. Ӯроқов «Дар бораи тасдиқ кардани ҳайати вакилони доимӣ роҷеъ ба сохтори кори маҳаллабай, ки таҳти роҳбарии ҷонишини якуми ҳокимҳои шаҳру ноҳияҳо ба «Гурӯҳҳои ҳамоҳангсозӣ», офисҳои идоравӣ ва маҳаллаҳо вобаста карда шудаанд»;
— ҳисоботи ҳокими шаҳри Каттақӯрғон Г.Алимова аз рӯйи иҷрои Барномаи чорабиниҳои рушди иҷтимоӣ-иқтисодии шаҳри Каттақӯрғон дар солҳои 2020-2022 ва кам кардани камбизоатӣ;
– ҳисоботи сарвари Сарсадорати таъмини шуғли вилоят И.Ҷабборов “Дар бораи тасдиқи барномаи манзилнок доир ба муқаррар кардани нишондиҳандаҳои прогнозии таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар соли 2021 аз рӯйи ҳудудҳо ва самтҳо”
– ҳисоботи сарвари шӯъбаи бехатарии ҳаракати роҳи Садорати корҳои дохилии вилоят Ф.Шайзаков «Дар бораи корҳое, ки аз рӯйи иҷрои “Харитаи роҳ” (банди 63), ки дар асоси қарор таҳти рақами 150/22- VI “Дар бораи таъмини иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон таҳти рақами ФП-6155 “Дар бораи Барномаи давлатӣ роҷеъ ба амалӣ кардани Стратегияи ҳаракатҳо доир ба панҷ самти бартариноки Ҷумҳурияти Ӯзбекистон дар солҳои 2017-2021 дар Соли дастгирии ҷавонон ва мустаҳкамсозии саломатии аҳолӣ» амалӣ мегарданд;
— ҳисоботи ҷонишини якуми сарвари Садорати дастгирии маҳалла ва оила доир ба масъалаҳои афзунсозии фаъолии иҷтимоӣ-сиёсии зан ва духтарон – раиси Шӯрои ҷамоатии зану духтарон, мушовири ҳокими вилоят роҷеъ ба масъалаҳои зан ва духтарон С.Ҷумаева аз рӯйи иҷрои қарори Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон “Дар бораи чораву тадбирҳои минбаъд такмил додани сохтори дастгирии занудухтарон, таъмини иштироки фаъоли онҳо дар ҳаёти ҷомеа” таҳти рақами ҚП-5020;
– масъалаҳои дигар.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ