Ширкати LG истеҳсоли смартфонҳоро қатъ мекунад


Ширкати LG-и Кореяи Ҷанубӣ мехоҳад истеҳсоли смарфонҳоро қатъ кунад. Яке аз мақсадҳои асосии ширкат рӯ овардан ба истеҳсоли электромобил мебошад.
Бино ба хабари расонаҳо, LG то 31 июл тиҷорати смартфонҳоро комилан ба поён мерасонад. Фурӯши баъзе моделҳои смартфони LG дар ин муддат қатъ мегардад. Ҳамчунин, ширкат дар муддати муайяне хидматрасонии худро ба соҳибони маҳсулоти худ идома хоҳад дод.
Дар баёнияи ширкати LG чунин гуфта мешавад, “Аз заминаи пуррақобати смартфонҳо берун шудан ба LG имкон медиҳад, ки эътибори худро ба истеҳсоли электромобилҳо, хонаҳои боҳуш (смарт), робототехника ва ғайра тамаркуз диҳад”.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ