Шифохонаи табиат. Пӯпаки ҷуворимакка


Дар табиат гиёҳҳои шифобахш ниҳоят бисёранд. Сабзӣ, пиёз ва дигар ҳар хел меваҳо, ки мо муттасил истеъмол менамоем, як олам витаминҳо, туршиҳои нофеъ доранд. Онҳо дар баробари сер нигоҳ доштан моро аз маризӣ шифо медиҳанд. Табиати доно бисёр давоҳоро зидди касалиҳо гӯё ба ана ҳамин гиёҳҳо тақсим карда додааст. Хусусиятҳои шифобахшии як гиёҳ дар мевааш бошад, он дар гиёҳи дигар дар баргаш, решааш ва ғайра мешавад. Ана ҳамин хислати беназир дар пӯпаки ҷуворимакка таҷаммӯъ шудааст.
Дар ҳамин пӯпаки мӯймонанд витамини К, туршии аскорбин, сахонинҳо, алколлоидҳо ҳаст.
Аз пӯпаки ҷуворимакка қиём тайёр карда касалиҳои холесистид, холангид, гепатитро табобат мекунанд.
Як теъдод олимон бо мақсади табобати касалҳои пайдоиши санг дар гурда, ба натиҷаҳои хуб ноил шуда истодаанд.
Дору дармонҳо ва ё худи пӯпаки ҷуворимакка дар дорухонаҳо фурӯхта мешаванд.
Таҳияи Ҷ.ПУРАСРОР.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ