Бонуи 38-солаи омӯзгор раисҷумҳури Косово интихоб шуд


Дар Ҷумҳурии Косово, ки қисман эътироф шудааст, бонуи омӯзгори 38-сола – Воса Османи раисҷумҳури нав интихоб шуд. Ӯ дувумин занест, ки дар Косова ба сари қудрат омад.
Бино ба хабари Euronews, дар порлумон аз 120 нафар 71-тои онҳо Воса Осмониро дастгирӣ карданд.
Ёдовар мешавем, Атифете Яҳяга нахустин занест, ки раисҷумҳури Косово буд. Ӯ солҳои 2011-2016 раисҷумҳурии Косоворо бар ӯҳда дошт.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ