Саёҳат дар байни Австралия ва Зеландияи Нав барқарор шуд


Зеландияи Нав аз оғози хидмати сайёҳии деринтизор бо Австралия хабар дод. Аз 19 апрел сафари мутақобилаи ду кишвар иҷозат дода мешавад.
Австралия ва Зеландияи Нав аз ҷумлаи кишварҳое мебошанд, ки ба нест кардани COVID-19 муваффақ шудаанд.

Бозсозии туризм байни кишварҳои ҳамсоя айни муддао барои аҳолӣ ва агентиҳои сайёҳӣ шудааст.

— Имконияти паҳншавии вирус дар Австралия хеле кам аст. Аз ин рӯ, ташкили шаҳрвандони ду кишвар комилан бехатар аст. Ин ба барқарорсозии иқтисодиёти мо таъсири мусбат мерасонад. Ҳамзамон, мо метавонем стратегияи пешгирии паҳншавии вирусро идома диҳем ва дар сайёҳати байналмилалӣ пешсафи ҷаҳонӣ гардем, — гуфт Ҷасинда Ардерн, сарвазири Зеландияи Нав.

Шаҳрвандони Австралия тавонистанд танҳо се ҳафта ба Зеландияи Нав бидуни тартиби карантин сафар кунанд. Пас аз он, байни ду кишвар маҳдудият нахоҳад буд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ