Ревоҷ (Чукрӣ)


Ревоҷ аз растаниҳои машҳури кӯҳӣ ба ҳисоб меравад. Гулаш сурх ва чун гӯшвораи духтарон зебанда буда, таъмаш турш аст. Мардум онро бо завқ истеъмол мекунанд. Мизоҷи барг ва пойҳояш дар дараҷаи дуввум сард ва хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: Онро бихӯранд моддаҳои ғафсгаштаро пароканда гардонда, дарунро мебандад ва ба инсон фараҳ мебахшад. Меъда, ҷигар ва узвҳои гарммизоҷи даруни шикам ва синаро қавӣ мегардонад. Инчунин, иштиҳоро мекушояд, шиддати ҷӯшиши сафроро таскин медиҳад. Қайи сафровӣ, ташнагӣ, беҳузуршавии дил (дилбеҷоӣ) –ро қатъ менамояд. Гардиши хунро осон ва санги гурдаро майда карда мерезонад. Вай растании бисёр хушхӯр буда, дар фасли баҳор моҳҳои апрел –май мерӯяд.
Аз “Канзи шифо” Н.Бобоахмедов омода намуд

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ