Барги халиҷ (лавровый лист): 7 факт дар бораи онҳо


Кам касоне огоҳ ҳастанд, ки барги халиҷ – яке аз қадимтарини зираворӣ дар ҷаҳон мебошад. Таркиби ин барг хеле бой аст. Онҳо моддаҳои зиддиилтиҳобӣ ва антиоксидант доранд.
1. Ба паст шудани шакари хун мусоидат мекунад. Ин аз он сабаб аст, ки дар таркиби он хром зиёд аст.
2. Ба паст шудани холестерин кӯмак мерасонад. Агар ҳар рӯз каме баргҳоро реза карда истеъмол кунед, пас аз 30 рӯз сатҳи холестерини «бад» паст мешавад.
3. Ба мубориза бо бемориҳои музмин ва илтиҳоб кӯмак мекунад. Одамоне, ки мунтазам барги лавр истифода мебаранд, сатҳи нишонаҳои илтиҳоби хунро паст мекунанд.
4. Дар мубориза бо саратон кӯмак мекунад. Олимони ИМА тадқиқоти зиёде гузаронданд ва муайян карданд, ки моддаҳое, ки дар таркиби барг мебошанд, афзоиши ҳуҷайраҳои саратонро бозмедоранд ва инчунин тақсимшавии онҳоро пешгирӣ мекунанд.
5. Барои нест кардани патогенҳои замбӯруғ кӯмак мекунад. Дар таркиби ин гиёҳ моддае ҳаст, ки зиёд шудани занбӯруғҳои патогениро пешгирӣ мекунад.
6. Ба нобудшавии микробҳои патогенӣ мусоидат мекунад. Барги халиҷ бар зидди стафилокок самарабахш аст.
7. Барги халиҷ миқдори зиёди маводи ғизоӣ ва воситаҳои зидди бактерияро дорад. Барои шифо ёфтани сӯхтагӣ ва захмҳо кӯмак мерасонад. Он инчунин ба коҳиш ёфтани бофтаи шрам кӯмак мекунад. Аз ин рӯ, мо гуфта метавонем, ки барги лавр низ таъсири косметикӣ дорад.
Тарҷимаи Лола РАҲИМОВА

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ