Нӯшидани чойи гарм ба саломатии одамон хатари ҷиддӣ дорад


Муҳаққиқони соҳаи тиб мегӯянд, ки нӯшидани чойи гарм ба саломатии одамон хатари ҷиддӣ дорад.
Гуфта мешавад, мушоҳидоту таҳқиқот рӯи 500 ҳазор нафар дар чандин сол нишон додааст, ки масрафи муназзами чойи доғ бо дамоии болотар аз 65 дараҷа хатари ибтило ба саратони сурхакро афзоиш медиҳад.
Профессори Ведат Грал гастроэнтеролог таъкид кардааст, ки тибқи мутолиоти анҷомшуда дар Тоҷикистон, Узбекистон, шарқи Туркия, Чину Қазоқистон ба далели масрафи зиёди чой ва нӯшиданиҳои гарм бо омори болотаре аз ибтило ба саратони сурхак рӯ ба рӯ ҳастем ва албата хатари ибтило ба ин беморӣ дар сурати сигор кашидан ва нӯшидани нӯшокиҳои спиртӣ низ афзоиш меёбад.
Ӯ афзудааст, агар афроди тамокукаш чойи доғи зиёде бнӯшад, хатари ибтило ба саратон дар онон ду баробар мешавад ва агар машрубот низ бинӯшад ин эҳтимол панҷ бор афзоиш меёбад.
Грал гуфт: саратони сурхак шашумин иллати марг дар ҷаҳон аст ва як бемории ҷиддист, ки пояи генетикӣ дорад, аммо авомили муҳаррике низ дар бурузи он дахил аст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ