Нӯшокие, ки фишори хунро паст мекунад


Коршиносони Донишгоҳи Ҳелсинки (Финландия) гуфтанд, ки истифодаи дарозмуддати шарбати мӯрди сурхи саҳроӣ (брусника) ба паст шудани фишори хун ва беҳтар шудани ҳолати рагҳо мусоидат мекунад, менависад «Известия».
Олимон ин таҳқиқотҳоро дар каламушҳо озмоиш карданд.
Ба каламушҳо дар давоми 8-10 ҳафта афшураи мӯрди сурхи саҳроӣ (брусника), сиёҳмева ва дӯлонаи кабуд дода шуд.
Таҳқиқот нишон доданд, ки афшураи мӯрди сурхи саҳроӣ фишори хунро ба таври назаррас паст мекунад, кори рагҳоро беҳтар ва ба ҳолати солим бармегардонад.
Дигар афшураҳо натиҷаҳои заифтар нишон доданд.
Муайян карда шуд, полифенолҳое, ки дар таркиби мӯрди сурхи саҳроӣ вуҷуд доранд, ба коҳиш додани хатари бемориҳои дил мусоидат мекунанд. Ба ғайр аз мӯрди сурхи саҳроӣ, сиёҳмева ва дӯлона низ аз полифенолҳо бой мебошанд.
Натиҷаҳои таҳқиқот дар одамони гирифтори фишорбаландӣ озмоиш карда мешаванд — имкон дорад, ки ба ҷои доруҳо ба онҳо парҳез тавсия шавад.
Аммо, ба гуфти коршиносон, дар ҳолатҳои вазнин афшура қодир ба иваз кардани доруҳо нест ва метавонад танҳо ҳамчун иловаи терапия хидмат кунад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ