Тақдири Месси дар “Барса” ҳанӯз норушан аст



Ҳамлавари аргентинии “Барселона” — Лионел Месси шартҳои тамдиди шартнома бо “Барселона”-ро номбар кард. Ҳамлагар мехоҳад бо президенти нави даста — Жоан Лапорте суҳбат кунад, хабар медиҳад шабакаи телевизионии «Известия».
Аргентинӣ омода аст лоиҳаи возеҳи варзиширо талаб кунад. Нуктаи асосӣ дар он аст, ки чӣ гуна “Барса” дар Лигаи Чемпионҳо пирӯз шуданист.
Созишномаи ҳозираи ҳамлагар бо “нилунориҳо” тобистони имсол ба поён мерасад. Қайд карда мешавад, ки баъд аз анҷоми мавсим Месси тасмими идомаи фаъолияти худро дар “Басарелона” эълон хоҳад кард.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ