«Ҳафтаи китобхонӣ» оғоз гардид



Дар Маркази ахбор-­китобхонаи ба номи Пушкини вилоят маросими ифтитоҳи «Ҳафтаи китобхонӣ» баргузор шуд. Дар тадбир, ки бо мақсади тарғиби мутолиаи китоб байни мардум, афзунсозии маданияти китобхонӣ гузаронида мешавад, намоишгоҳи «Хонед, китобҳои нав!»-ро ташкил карданд.
Тадбирро сармуҳаррири таҳририяти муштараки рӯзномаҳои «Зарафшон» ва «Самаркандский вестник» Фармон Тошев ифтитоҳ бахшида, доир ба тарғибу ташвиқи мутолиаи китоб байни аҳолӣ, бахусус, ҷавонон ҳарф зад.
Инчунин, раиси шӯъбаи вилоятии Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон Тошпӯлод Тугалов, директори Маркази ахбор-­китобхонаи мазкур Шоҳида Аҳмадова, роҳбари Академияи «Тӯрон» Фарҳод Аҳмадҷонов ва дигарон дар бораи аҳамияти китобхонӣ ҳарф заданд.
– Шахсе, ки пайваста китоб мехонад, монанди дарахтест, ки меваҳои он ҳар лаҳза инсонро тавону имону виҷдон мебахшад, – иброз дошт шоир, узви Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон Асадулло Исмоилзода. – Китоб васила аст барои дур кардани ғаму андӯҳ, аз бекорӣ ва гурӯҳи бекорон, сабзидани ақл ва бузург шудани зеҳн, болоравии маърифат, махзани ягонаву умумии осори адибону ҳикмати ҳакимон, роҳати зеҳн аз ҳар фикру андеша ва ҳифзи вақт аз беҳуда рафтан. Ташкили чунин чорабинии фарҳангӣ ба афзун намудани таваҷҷӯҳи ҷавонон ба китобхонӣ мусоидат хоҳад кард.
Дар идомаи тадбир миёни иштирокдорон дар мавзӯи «Асари беҳтарине, ки мутолиа кардам» пурсишнома гузаронида шуд.
Инчунин, дар доираи ҳафтаина дар ҳамкории осорхонаи миниатюраи Шарқи ба номи Камолиддин Беҳзоди Академияи бадеии Ӯзбекистон намоишгоҳи сайёри «Саёҳат ба олами санъат» ташкил гардид.
То анҷоми ҳафтаина ташкили тадбирҳои шавқангезе чун «Ҷавонон ва маданияти мутолиа», « Вохӯрии ду авлод», «Донишмандони таърихи мо», « Китоб гавҳари дил, хуршеди рӯҳ», инчунин нишастҳое, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти арбобони маъруфи маданият чун Абдулло Орипов, Ӯткир Ҳошимов, Ботир Зокиров бахшида шудаанд, озмунҳои шавқовар ва намоиши китобҳо дар назар аст. Бояд гуфт, ки ҳафта то 9-уми апрели соли равон давом мекунад.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ