Омӯхтани таърихи сулолаи темуриён – шоистаи ибрат

Амир Темур даҳои бузурги сатҳи ҷаҳонист. Омӯхтани фаъолияти ҳарбӣ-­сиёсӣ, корҳои бунёдкорию ободонии ӯ, ҷиҳатҳои дигари фаъолияташ, инчунин, таърихи сулолаи ӯро тадқиқ кардан – вазифаи муҳими мо мебошад. Таъкид мебояд кард, ки сулолаи темуриён аз худ мероси гаронбаҳои илмӣ-­фарҳангиро мерос гузоштаанд. Ёдгориҳои меъморӣ-­таърихии темуриён то ҳанӯз аҳли оламро мафтун месозанд. Дар солҳои Истиқлол бобати омӯхтани таърихи сулолаи темуриён корҳои муҳим амалӣ гардиданд. Аммо то ҳол ҷиҳатҳои наомӯхтаи сулола хеле бисёранд. Масалан, дар ҳудуди мақбараи Амир Темур («Гӯри Амир») бисёр қабрҳои темуриён мавҷуданд, ки ҳоло тадқиқ нашудаанд.
Ба наздикӣ мо дар қисми ғарбии мақбара хонаеро ёфтем, ки аз эътибор берун мондааст. Аслан, ин хона дар даври ҳукмронии Султон Абӯ Саъид (солҳои 1424–1469, даври ҳукмрониаш солҳои 1451–1469) ба хилхона мубаддал карда шудааст. Дар хилхона 8 қабр мавҷуд буда, дар хати сағонаи онҳо маълумотҳои ба сулолаи темуриён мансуб сабт гардидааст.
Сағонаи якум ба духтари Султон Абӯ Саъид Кӯрагон Ойша Султонбегим тааллуқ дошта, вай моҳи зулқаъдаи соли 877-и ҳиҷрӣ (соли 1473 милодӣ) аз олам гузаштааст.
Бояд таъкид намуд, ки аксари марҳумони дар ин хилхона гӯронидашуда, дар овони ҷавонӣ аз ҳаёт чашм пӯшидаанд. Онҳо арбоби давлатӣ ва ё илму маданият нашудаанд. Аз ин сабаб, дар манбаъҳои таърихӣ оиди онҳо маълумоти кофӣ нест. Боз ин ки номҳои шаҳзодагони доираи сулолаи темуриён хеле бисёр такрор мешаванд. Масалан, номи писари Амир Темур ҳам, номи писари Султон Абӯ Саъид ҳам Умаршайх буд. Ин албатта боиси чигилӣ ҳастанд.
Дар чор тарафи сағонаи дуввум аз оятҳои Қуръон дуоҳо сабт гардидаанд. Дар болои санг Оятулкурсӣ ва ояти охирини сураи Ёсин навишта шудааст. Дар қисми болоӣ ва поёни сағона ояти Қуръон навишта шуда, исми марҳум Робия Султон ва санаи вафоташ моҳи ҷумодалаввали соли 858 ҳиҷрӣ (соли 1454 милодӣ) нишон дода шудааст. Баъд дар ҳаққи марҳума дуоҳо сабт гардидаанд. Робия Султон духтари калонии Султон Аҳмад Мирзо мебошад.
Ба духтари Мирзо Улуғбек Оқобегим мансуб будани сағонаи сеюм дар болои санг навишта шудааст. Ў соли 870 ҳиҷрӣ (1466 милодӣ) тарки дунё намудааст. Дар ду паҳлӯи санг исмҳои 12 имом сабт ёфтаанд.
Дар боло ва паҳлӯҳои сағонаи чорум ба забонҳои арабӣ ва форсӣ байтҳо навишта шудаанд. Вале ном ва соли вафоти марҳум нишон дода нашудааст. Танҳо аз насли Султон Абӯ Саъид буданаш таъкид гардидааст.
Дар болои сағонаи панҷум «Вафоти амирзодаи маъсум Шоҳмансур ибни Султон Абӯ Саъид рӯзи даҳуми моҳи сафар, рӯзи ҷумъа соли 865 ҳиҷрӣ» (милодӣ 1461) навишта шудааст.
Аз хати сағонаи шашум маълум мегардад, ки ин қабри писари Султон Абӯ Саъид амирзода Ҷаҳонгир Султон мебошад. Амирзода моҳи муҳаррами соли 862-и ҳиҷрӣ(соли 1458 милодӣ) вафот кардааст.
Дар болои санги ҳафтум Оятулкурсӣ ва ояти охирини сураи Ёсин сабт ёфтаанд. Дар паҳлӯҳои он аз Қуръони Карим дуоҳо оварда шудаанд. Мазмуни умумии хати дар болои сағона сабтгардида чунин аст: «Гавҳараки чашми сулолаи султонҳо, ки паноҳгарони поки дину дунё ҳастанд, Муҳаммад Ҷаҳонгир, Аллоҳ Таъоло ба ӯ аз боғҳои ризвон маскан диҳад, дар моҳи зулҳиҷҷаи соли 860 ҳиҷрӣ (1456 милодӣ) ба қабр гузошта шуд».
Муҳаммад Ҷаҳонгир абераи Амир Темур (писари Муҳаммад Султон) буд.
Дар болои санги ҳаштум аз Қуръони Маҷид оятҳое оварда шудаанд. Дар қисми болои санг ин суханҳо навишта шудаанд: «Соҳибаи ин қабри пурнур воломартаба, солеҳа, соҷида духтари Мироншоҳ Мирзо ибни Амир Темур Зубайда Султон аст (Аллоҳ мағфират намояд)».
Дар қисми пасти сағона навишта шудааст: «Аллоҳ қабри ӯро пурнур созад! Рӯзи понздаҳуми моҳи ҷумодалохири соли 856 ҳиҷрӣ (1453 милодӣ) вафот кард».
Паҳлӯҳои ҳаёт ва фаъолияти Амир Темур, воқеаву ҳодисаҳои вобаста ба авлоди ӯ ончунон бисёранд, ки омӯхтан, тадқиқ намудани онҳо азму ғайрат ва меҳнати фидокоронаи тадқиқотчиёнро талаб мекунад.
Ҳоло дар Франсия институти илмӣ-­тадқиқотии махсусе ҳаст, ки ҳаёт ва фаъолияти император Наполеонро меомӯзад. Амир Темур низ ҳамчун арбоби давлатӣ, намояндаи ҳарбӣ-­сиёсӣ, саркардаи моҳир ва шоҳи одил дар таърихи башарият мавқеи ба худ хосро соҳиб аст. Бинобар ин, дар Ўзбекистон ҳам институт ё маркази алоҳидаи илмӣ-­тадқиқот махсус бо омӯзиши ҳаёт ва фаъолияти соҳибқирон Амир Темур, таърихи сулолаи темуриён, тадқиқи рушди илму фарҳанг дар ин давр, мероси фарҳангӣ ва илмии намояндагони сулола шуғл варзад.
Дар ин маврид муштариёни рӯзнома чӣ назар доранд? Таклиф ва мулоҳизаҳои худро метавонед ба мо фиристед.

Хушнуд АБДУЛЛОЕВ,
мудири мақбараи Амир Темур.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ