Рӯҳи бачаро падару модарон мешикананд ё муаллимон?

Баҳои ноҳақ
Гашти рӯз бачаҳо аз мактаб бармегаштанд. Писараки танҳое аз қафои ҳамсинфонаш меомад. Вай ҳар санг ё кулӯхи аз пеши роҳаш баромадаро ғазабомез бо пояш мезад. Қуттии консерва ё баклашкаи холии сари роҳ ҳам аз дасти ӯ «халос» намехӯрд. Чеҳрааш ғамгину гӯё дарун-­дарун ғазабаш меҷӯшид.
– Ҳӯ писари нағз, – ин аҳволи ӯро дида, марде насиҳатомез гуфт, – ба поят раҳмат наояд, ақаллан ба пойафзолат дилат сӯзад?! Барои пойафзоли нав боз пул даркор мешавад…
Писарак ба мард як теғ кашида нигоҳ карду боз «кор»-ашро идома дод.
– Имрӯз вай баҳои ду гирифт, – духтараке ба ҷойи ӯ ҷавоб дод. – Барои ҳамин намедонад қасдашро аз кӣ гирад…
Баҳои паст гирифтан барои бачаҳо ҷазо аст. Агар дар ҳақиқат, дарсро надонад ва ё вазифаашро тайёр накарда бошад, ба ӯ сахт алам намекард. Аз афт, омӯзгор ҳамаи ҷиҳатҳои бачаро дуруст ба эътибор нагирифта, баҳои ноҳақ мондааст. Ҳаргиз касе ба ин дараҷа аламзада намегардад.
Мудири шӯъбаи таълими халқӣ қаҳру ғазабашро ба сари роҳбарони мактаб резад, директор аламашро аз муаллимон гирад, муаллим бухси дилашро бо сарзаниши бачаҳову баҳогузорӣ барорад, бачаи бечора чӣ кор кунад?!
Баҳодиҳӣ ва баҳо
Муаммои баҳомонӣ ва баҳо додан ба хонишу дониши бачаҳо яке аз муаммоҳои асосии таълим аст. Зарурияти баҳо монданро тамоми иштирокчиёни ҷараёни таълиму тарбия: хонандагон, омӯзгорон ва падару модарон дарк мекунанд. Баҳогузорӣ қисмати ҷудонопазири ҷараёни омӯзиш ба ҳисоб меравад.
Баҳо – муайянсозӣ, таърифи забонӣ, ифода бо нишон – балл мебошад. Инчунин, он дар мулоҳизаҳои баҳодиҳии муаллим дараҷаи аз худ кардани дониш, малака ва маҳорат, ки дар барномаи таълими муқаррар гардидааст, меъёри хулқу интизомро дар бар мегирад.

Дар он ба саволҳо дуруст ҷавоб додан, пуррагӣ ва алоқамандии он, тартиби муайян, мустаҳкамӣ ва амиқии дониши хонанда, инчунин, алоқаи онҳо ба ҳаёт ба назар гирифта мешавад. Муносибати хонанда бо омӯзгор ва иҷрои қоидаҳои барои хонандагон муқарраргардида низ баҳогузорӣ мегардад. Истилоҳҳои баҳодиҳӣ ва баҳо ҳамчун синоним фаҳмида мешавад.
Системаи баҳогузорӣ ба хониш, дарсазхудкунӣ, малака ва одобу ахлоқи хонандагон дар мамлакатҳои ҷаҳон гуногун аст.
Системаи 5-баллӣ.
1 – аъло;
2 – бисёр хуб;
3 – хуб;
4 – қаноатбахш;
5 – ғайриқаноатбахш.
Ин гуна системаи 5-баллӣ, ки барои мо ғайрианъанавӣ аст, дар Германия амал мекунад. Ҳамин тарзи баҳогузорӣ дар Чехия, Австрия, Славакия низ ҷорӣ гардидааст.
5-баллии анъанавӣ, ки баҳои «5» дониши аълоро мефаҳмонад, дар мактабҳои Эстония, Сербия, Венгрия, Хорватия, Македония, Муғулистон, Парагвай ва як қатор мамлакатҳои Осиёи Марказӣ гузошта мешаванд.
Баҳогузории 10-баллӣ дар Латвия, Литва, Молдова, Руминия, Албания, Нидерландия, Италия, Исландия, Гретсия, Ветнам, Мексика, Колумбия, Эквадор амал менамоянд.
12-баллӣ барои Украина, 20-баллӣ барои мактабҳои Марокко, Эрон, Лубнон, Тунис, Мали, Перу, Республикаи Конго ва Чад хос аст.
Тарзи баҳогузории 100-баллӣ (ё фоиз, агар сухан дар бораи системаи рейтингӣ равад) барои хонандагони Туркия амал мекунад. Ин хели баҳодиҳӣ ба дониши хонандагон дар мамлакатҳои Иордания, Ироқ, Яман, Ҳиндус­тон, Куба, Миср ҷорӣ гардидааст.
Инчунин баҳогузории ҳарфӣ ва омехта низ амал мекунанд.
Бо вуҷуди ҳамаи ин, онҳо аксариятро қонеъ намегардонанд ва баҳоҳо илму дониши дурусти бачаҳоро акс гардонида наметавонанд.
Мақсади асосӣ – донишазхудкунии бачаҳо
Далели асосии дарсхонии бачаҳо дар мактаб – ин гирифтани баҳо аст. Якҷоя ба пеш ҳаракат кардан ва донишҳои нав гирифтан аст. Бачаро маҷбур мекунанд, ки хонад ва азоб медиҳанд, ки дар маҳфилҳо иштирок намояд. Агар талаба ё толиба баробари хониши хуб, нутқи бурро ва ҳунар дошта бошад, ба чандин озмуну олимпиада ва тадбирҳо даъват мекунанд ва садди хониши хубу пешравиаш мегарданд.
Бозор МАВЛОНОВ,
тадбиркор аз ноҳияи Самарқанд:
– Писарчаи хурдиам доимо баҳои аъло мегирифт. Ман хурсанд будам. Боре ба телефонам як маълумот омад. Барои хондан чашмам нагузашт. Писарчаамро ҷеғ задам, ки хонда диҳад. Ҳарчанд зӯр зад, натавонист. Ҳайрон шуда, як рӯз ба мактабаш рафтам. Аз таги дари синфхонааш овози муаллима ба гӯш мерасид: «Ҷим шинед, ҳӯ садқаи одам шудагиҳо. Дарсро тайёр накунед, ки ба гапу шӯхӣ шумо бало! Ба ҷавоб додани дарс ҳамаатон гунг мешавед-­ку?! Эъ…» – вай дар ҷойи нишасташ ба кадом як кори худ банд буд. Дарро тақ-­тақ кардам. Баромад. Аҳволро фаҳмондам. Маънодор хандиду айбро ба худи мо монд, ки ба тарбияву хониши бачаҳоямон дуруст эътибор намедиҳем. Вай «5»-ро барои рӯҳбаланд кардани писарчаам мегузоштааст.
Пас аз чанд рӯзи воқеа ба таҳхона фаромада, сабаби маънодор хандидани муаллимаро фаҳмидам. Себу ангур ва ноку биҳӣ хеле кам гардида буд…
Саодат ҒАНИЕВА,
сокини маҳаллаи Гулободи
ноҳияи Самарқанд:
– Ҳозир завқу ҳаваси бачаҳо ба хондан суст шудааст. Дар мактаб дуруст хондан намехоҳанд. Бо вуҷуди он, дар мактаб муаллимон баҳоҳои баланд мемонанд. Пештар ин хел набуд. Бачаҳо дар синфашон мемонданд. Мо онҳоро ҷангу масхара мекардем, ки нағзтар хонанд. Ҳозир дар синф монондан гуфтани гапҳо нест.
Раҳимҷон НАИМОВ,
омӯзгори собиқадор, Аълочии
таълими халқи Ӯзбекистон:
– Дар мактабҳо меъёри баҳогузорӣ ба дониши мактабиён аксарияти тарбиягарону шахсони эътибордиҳандаро ба ҳайрат мегузорад. Чаро? Чунки дониши бисёрии бачагон аз рӯйи чашмдошт нест.
Бояд қайд намуд, ки дар Ӯзбекистони соҳибистиқлоламон ба донишомӯзии насли наврас эътибори калон дода мешавад. Барои ҳамин ҳам, бачагони соҳибистеъдод тез ба назар мерасанд. Зеро онҳо ба талаботи стандарти давлатӣ бешубҳа сару кор доранд. Дар болои дониши худ кор мекунанд. Мақсади онҳо ба касбу кори орзукардаашон ноил шудан мебошад.
Албатта, дар ин ҷо талаботи устодону маъмурияти мактабе, ки масъулиятро ҳис мекунанд, сазовори таҳсин аст. Чунки муддаои онҳо дониши шогирдонашон баланд бошаду бечуну чаро бе «такягоҳ» ба мактабҳои олии дилхоҳашон дохил шаванд.
Садҳо афсӯс, ки бисёрии омӯзгорон ба дониши шогирдони худ баҳоҳои ҳавоӣ мегузоранд, ки ин сохтакорӣ боварии боэътимоди моро аз байн бурда истодааст. Набояд ин тавр кард! Рафтори онҳо ба бемасъулиятии илмгирандагону тарбиягарон оварда мерасонад.
Бе супоришҳои ҷиддии омӯзгор бисёрии хонандагон дар болои худ кор намекунанд. Назоратҳои тестӣ ҳам ба фикри ман, кам ва номутобиқанд.

Муаммо: фоизи дарсазхудкунии хонандаро бояд чӣ хел муайян кард?
Аз рӯйи гуфтаи мутахассисон аксарияти омӯзгорон баҳои дуруст монда наметавонанд. Дар ин ҷода муайянсозии фоизи дарсазхудкунии хонандагон муҳим аст. Масалан, яке 20 фоиз, дигаре 40 фоиз ва чанд нафар хонанда 100 фоиз мавзӯъро аз худ мекунанд. Албатта, ин маънои онро надорад, ки яке донову дигаре кунду карахт аст. Ин маънои онро дорад, ки муаллим то ба 100 фоиз аз худ кардани мавзӯъ бо бачаҳо кор барад.
Баҳои аъло ҳам зарар дорад. Бачае, ки ба саволҳои омӯзгор ҷавоб дода, пешакӣ медонад, ки баҳои «5» мегирад, табиатан бартарӣ пайдо мекунад ва дигар бо саъю кӯшиш намехонад. Самараи инкишоф ёфтанаш суст мегардад. Дар болои хатоҳои худ «кор» кардан ҳам доимо натиҷаҳои хуб намедиҳанд. Ин мисли корҳои хона: кореро хуб иҷро накунед, сарзаниш менамоянду хуб иҷро кунед – конфет медиҳанд. Омӯзгор ҳам хатое содир кунад, онро бояд ба ҳисоб гирад.
Мавсума САДРИДДИНОВА,
омӯзгори синфҳои ибтидоии мактаби таълими умумии рақами 39-и ноҳияи Самарқанд:
– Дар мактаб ҳоло «баҳо» вуҷуд надорад. Ба ҷойи он «балл» аст. Дар синфхона нишастани хонанда худ як балл аст. Сипас, иҷрои вазифаи хонагӣ, иштироки хонанда дар давоми дарс балли хонандаро баланд мебардорад. Балли максималӣ «5» аст.
Азбаски ман муаллимаи синфҳои ибтидоӣ ҳастам, барои шавқу ҳаваси хонандаро ба дарс баланд бардоштан «5»-ро бо ситорача, 5,5 (дуто панҷ) мегузорам. Дар асл, ба журнали синф фақат «5», «4», «3» ва ҳатто «2» гузошта мешавад.

Рӯзномаҳои баҳогузорӣ нест
Психолог амалиётчии мактаби таълими умумии рақами 42-и ноҳияи Самарқанд Нигора Каримова таҷрибаи педагогии сисола дорад. Вай аз рӯйи ихтисосҳо мутахассиси ду фан – забону адабиёти рус ва психология аст. Ҳангоми сӯҳбат муаллима оиди ин масъалаҳо чунин ибрози ақида намуд.
– Муҳити психологӣ дар мактаби мо хуб аст. Мактаб аз рӯйи рейтинг дар миқёси ноҳия дар ҷойи 9-ум қарор дорад. Дар мактаб 278 нафар хонандагон таҳсил мегиранд. Ба онҳо 26 нафар омӯзгорон таълиму тарбия медиҳанд. Робитаи мактабу маҳалла, яъне маҳаллаи Пули муғоб нағз ба роҳ монда шудааст. Аз кору бор ва хониши фарзандон падару модаронашон бохабаранд. Дар мактаб рӯзномаи хонандагон нест. Баҳои ҳаррӯзаи гирифтаашонро падару модарон дар телефонашон мебинанд. Аз супоришҳои хонагӣ низ сари вақт хабардор мешаванд. Ин тарзи корбарӣ натиҷаҳои хуб дода истодааст.
Дуруст ба роҳ мондани ҷараёни таълиму тарбия дар ташаккули дарсхонии бача роли муҳим мебозад. Пагоҳӣ, пеш аз оғози дарсҳо ҷонишини директор оид ба корҳои таълим конспекти муаллимро аз назар гузаронад, психолог ҳолати рӯҳии омӯзгорро мебинад. Мабодо муаммое ягон муаллимро ба ташвиш гузорад ё дар хонадонаш низоъҳои оилавӣ ба амал омада бошад, мо ба дарсгузарӣ роҳ намедиҳем. Ҳеҷ набошад, тавсия медиҳем, ки то дарс боз 10 дақиқа вақт ҳаст. Шумо худро ба даст гиред, ҳушу хаёлатонро ҷамъ кунед, мақсадатон нағз гузарондани дарсҳо бошад…
Ҳамчун психолог ман хуб медонам, ки рӯҳи бачаҳоро ё падару модарон ва ё муаллимон мешикананд. Масалан, дар хона мегӯянд, ки хондан чӣ даркор, ба ҷойи он ягон кори фоиданокро кун, ки ба рӯзгор даромад биёрад. Муаллимон, ба сараш зада, ҳар рӯз калаат каду, хонданат суст, ту одам намешавӣ гӯянд, боварии бача ба худ гум мешавад.
Мо медонем, ки одамон аз рӯйи мизоҷ сангвиник, холерик, флегматик ва меланхолик мешаванд. Инро дониста мувофиқи феълу хӯяшон рафтор кунем, нур болои нур мегардад. Масалан, мо ба бачаи меланхолик баҳои «3», ки гузоштем, маънои онро гӯем. Илова кунем, ки вай ба гирифтани баҳоҳои «4»-у «5» қодир аст. Ба ин имконият ҳам дорад. Дар рафти ин амал хислатҳои некашро ҳам ба забон биёрем. Вақт диҳем, ба худашон бовариашон зиёд мешавад ва барои нағзтар хондан ва ё ба дарсҳо ҷавоб додан ҳаракат мекунанд.
Хонандагони ҳар як синфро ба се гурӯҳ: боистеъдодҳо, миёнаҳолҳо ва суст азхудкунандагон тақсим карда, корбарӣ кардан натиҷаҳои хуб медиҳад. Баҳо барои дониш гузошта мешавад. Он ҳақиқӣ бошад. Ба бачаҳо баробари таъриф танқидро ҳам қабул карда тавонистанашро ёд додан фоиданок аст.
Садҳо вазифа – бори дӯши омӯзгор
Просесси таълиму тарбия душвору печ дар печ аст. Дар дӯши омӯзгорон ба ғайр аз дарс гузаштан боз садҳо вазифаҳо бор карда шудааст. Масалан, барномае таҳия шудааст, ки муаллим дар бист соат онро ба бачаҳо омӯзонад. Оё дар ин муддат ба мақсад расидани омӯзгор мумкин аст? Не! Чаро? Барои аз худ кардани ин барнома ба баъзе бачаҳо 5 соат кифоя аст. Барои як қисми дигар 15 соат зарур мегардад. Вале ба талабаҳои боқимонда 200 соат ҳам камӣ мекунад ва онҳо дар ин муддат ҳам барномаи пешниҳодшударо аз худ карда наметавонанд. Ин муаммо на танҳо дар мамлакати мо, балки дар тамоми ҷаҳон ҳамаро ба ташвиш меорад.
Нодира ҶАЛОЛОВА, ҷонишини директор оид ба корҳои таълими мактаби таълими умумии рақами 38-и ноҳияи Самарқанд:
– Ҳоло ба хонандагон аз рӯйи системаи баллӣ баҳо гузошта мешавад. Баҳо натиҷаи донишазхудкунии хонандагонро нишон медиҳад. Ба таври дигар гӯем, баҳо барои дониш монда мешавад.
Бачаҳо ҳар хеланд. Баъзе бачаҳо дарсро донанд ва ё вазифаҳои хонагии худро тайёр карда бошанд, ки нутқашон ривоҷ наёфтааст. Худашон даст бардошта, ба ҷавоб додан кӯшиш намекунанд. Дар асл бошад, донишашон бад не. Онҳо ҳангоми ҷавобдиҳӣ фикрашонро пурраву равшан гуфта наметавонанд. Дар натиҷа, баҳои чунин бачаҳо паст мешавад. Бо ин хел бачаҳо муаллимон бояд дуруст рафтор кунанд. Хезонда пурсанд, рӯҳбаланд намоянд.
Баҳоҳои паст, «1» ва «2» бошад, ки баҳои «1» қариб гузош­та намешавад. Вале муаллимон баҳои «2» мемонанд. Ба машғулотҳои иловагӣ саҳл баҳоҳои баланд мегузоранд. Чунки хонанда ҳар хел асбобҳои аёнӣ месозад, буклетҳо тайёр мекунад. Ба ин хел корҳои беруназсинфӣ баҳои баландтар мондан бачаҳоро барои боз ҳам нағзтар хондан рӯҳбаланд мекунад.
Пештар аълохонҳои мактаб бо медалҳо рағбатнок мегаштанд. Аз порсол сар карда, боз додани медалҳои тиллову нуқра ҷорӣ гардид. Хонандагоне, ки аз синфи 7 то синфи 11-ум баҳои аъло гиранд, бо медали тилло сарфароз мешаванд. Хубу аъло бошад, соҳиби медали нуқра мегарданд. Вале ин гуна медалҳо ҳангоми ба мактабҳои олӣ дохил шудан ба инобат гирифта намешавад. Агар хонандагон ғолиби конкурсу олимпиадаҳои байнихалқӣ бошанд, имтиёз доранд.
Рейтинги муаллимон ҳам ба дарсазхудкунии хонандагон вобаста аст. Мувофиқи пункти якуми қарори Девони Вазирони Ҷумҳурияти Ӯзбекистон «Дар бораи такмили тартиби рағбатнокгардонии моддии ходимони намуна нишондодаи муассисаҳои таълими миёнаи умумӣ» аз 30-юми сентябри соли 2019 таҳти рақами 823 баҳоро ба ҳисоб гирифта, ба муаллимон додани ҳаққи иловагӣ ҷорӣ гардидааст.
Фарзандони мо бояд сазовори замон бошанд
Баҳогузорӣ чӣ хел бояд бошад? Баҳои баланд гирифтани хонанда обрӯйи муаллим аст? Барои баланд бардоштани сифату самараи таълиму тарбия чӣ бояд кард? Ба ин ва дигар саволҳо мо ба ҷонишини мудири шӯъбаи таълими ноҳияи Самарқанд Шерзод Абулхайров муроҷиат кардем.
– Баҳогузорӣ чӣ хел аст? Ба дониши бача нигоҳ карда, муаллим баҳо мегузорад, – гуфт дар оғози сӯҳбат Шерзод Абулхайров. – Дар синф монандон ҳозир ҳам ҳаст. Вақте, ки хонанда ба стандарти давлатии таълим ҷавоб дода натавонад, дар синфаш мононда мешавад. Аз сари нав хонондан вуҷуд дорад. Лекин дар ин чанд соли охир хонандагони дар синфаш мондагӣ нестанд. Ҳозир бачаҳо ба баҳои се ҷавоб диҳанд ҳам, аз синф ба синф мегузоранд.
– Дар ҳаёт бисёр воқеъа мешавад, ки муаллим барои баланд бардоштани обрӯйи худ ё гирифтани тоифа ба бачаҳо аз меъёр зиёд баҳо мемонанд. Яъне, бачаҳо дониши казоӣ надоранду баҳои баланд мегиранд…
– Ин хел чизҳо ҳаст, худи мо ҳам гувоҳаш шудем. Масалан, ба хонанда дар журнал баҳоҳои «5»-у «5» мондаанд. Мо дар мактабҳо хезонида, худи ҳамон бачаро пурсидем, донишаш ба баҳои гузошташуда мувофиқ нест. Ин хел ҳолатҳо ҳам ҳастанд: ба хонанда баҳои «5» гузошта мешаваду бача ба баҳои «4» ҳам ҷавоб дода наметавонад, нисбати ин хел муаллимҳо чора мебинем, барои мукаммал гузаштани дарс маҷбур мекунем ва то аз дастамон омадан пешгирӣ мекунем. Ба бача баҳои «5», ки монд, бача ба ҳамон ҷавоб доданаш лозим, «2» ки монд, бача сазовори он бошад.
– Аслан, баҳо муҳим нест, баҳо барои рӯҳбаландкунии бачаҳост. Барои бачаҳо муҳимаш илму дониш гирифта, хушсавод шудан аст. Баъзе хонандаҳои мактаб ба шаҳодатномаи пур аз баҳоҳои аъло ба мактабҳои олӣ мераванд. Вале дар он ҷо савияи донишашон маълум мешавад, баҳоҳои баландашон ҳеҷ чиз нашуда мемонад.
– Дар бобати ба мактабҳои олӣ даромадани хонандагон мо дар вилоят аз поин дар ҷойи дуввум меистем. Ин, албатта нағз не. Барои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия кор карда истодаем, ҳар хел семинарҳо мегузаронем. Барои бо технологияҳои нав гузаштани дарсҳо тавсияҳо медиҳем. Умуман, ин масъала васеъ ва доманадор аст. Баъд ба мавқеи ҷойгиршавии ҳудуд низ вобаста аст. Баъзе падару модарон ба хондани фарзандонашон хоҳиш надоранд. Дар мактаб муаллим дарс гузарад, барои ба мактаби олӣ дохил шуданаш раҳнамоӣ кунаду бача ба хонааш раваду падару модараш ба назди ягон усто ба шогирд ист ё молро пой гӯяд ҳам, намешавад. Баъзе падару модарҳое ҳам ҳастанд, ки фоидаи ҳаминрӯзаро авло медонанд. Албатта, инҳо моро сафед намекунанд. Ҳозир кӯшиш дорем, ки дар соли 2020–2021 хонандагони мактабҳои ноҳияи мо бештар ба донишкадаву донишгоҳҳо дароянд. Бо ин мақсад бо маркази давлатии тест ҳамкорӣ дорем. Ин гуна кор барои бачаҳо ҳамчун репетитсия мешавад.
– Агар рости гапро гӯем, донишу ҷаҳонбинии худи муаллимон ҳам паст аст. Дуруст намехонанд, дар болои худ кор намекунанд…
– Ҳа, ҳамин хел муаллимон ҳам ҳастанд. Масалан, калонсолон технологияҳои навро дуруст азхуд карда наметавонанд, ҷавонон таҷрибаи калонсолонро надоранд. Дар 54 мактаби ноҳияи мо 2637 нафар муаллим ҳастанд. Мо муаллимҳои тоифанок ва ботаҷрибаро ба ҷавонон ҳамчун устод таъин мекунем. Муаллимони ҷавон дар дарсҳои онҳо иштирок карда, таҷриба меомӯзанд, камбудиҳои худро мефаҳманд ва ҳаракат мекунанд, ки дарсҳояшон нағз гузаранд. Мо ҳамаро зӯр ҳам, ё суст ҳам, гуфта наметавонем. Баъзе муаллимҳои суст ҳам ҳастанд.
– Дар ҳамин ҷо боз як масъалаи дигар. Баъзе роҳбарҳои мактаб хешу таборҳои худро ба кор мегиранд, ба онҳо бартарӣ медиҳанд. Ба қавли Гогол «ҷонҳои мурда» ҳам ҳастанд. Ин ҳам ба натиҷаи таълиму тарбия бенатиҷа намемонад.
– Дар мактабҳои ноҳияи мо «ҷонҳои мурда» нестанд. Ман инро бо боварии комил мегӯям. Ҳолати дар як мактаб кор кардани фарзанд, зан ё хеши директор ҳаст. Албатта, ин хел амалҳо ба системаи таълим таъсир мерасонад.
– Шумо маро дуруст фаҳмед, мақсад аз ин гуна саволҳо фарзандони мо босавод бошанд, дар оянда шахсони бомаърифату маънавият шуда, дар тараққиёти мамлакат ҳисса гузоранд. Дар ин бобат чиҳо гуфтан мехоҳед?
– Ҳозир Президенти мамлакатамон ба соҳаи таълиму тарбия эътибори калон дода истодаанд. Ин кори бисёр мураккаб аст. Ба фикри ман, ин ранг нест, ки ба девор ранг молида, рангашро дигар кунед. Ин кор дар давоми чандин сол натиҷа мешавад. Пештар хабаратон ҳаст, муаллимон ба пахта мерафтанд, кӯча тоза мекарданд ва ба таълим чандон эътибор набуд. Ҳозир эътибор, ки баланд шуд, албатта натиҷа ҳам медиҳад. Инро дар муқоисаи синфҳои 1–4 ва 10–11 фаҳмидан мумкин аст. Ҳозир ҳам бад не. Дониши хонандагони синфҳои 1–7 нағз аст. Инро якбора дигар карда намешавад. Ҳозир роҳбарони таълимро ҳам аз аттестатсия мегузаронанд. Мо ба талаб ҷавоб надиҳем, дигарон ба ҷойи мо меоянд. Ҳамаи ин, эътибор ба системаи таълим, ба авлоди оянда аст. Сиёсати Президентамонро дастгирӣ мекунем. Дар оянда обрӯи муаллим баланд шуда, маошашон ба ҳазор доллар баробар шавад, албатта фарзандони мо саводнок ва бомаърифат мешаванд.

Бахтиёри ҶУМЪА.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ