Иван Ургант: Манижаро ҳама тафтиш кунанд…


Ровии маъруфи телевизиони Русия Иван Ургант барномаи нави худро аз санҷише, ки Кумитаи тафтишотии Русия нисбати суруди Манижа Сангин дар Евровидение — 2021 ташкил карда шудааст, оғоз намудааст. Дар намоиши «Шоми бо Ургант» шоумен ва ровии маъруф Иван Ургант дар вокуниш ба хабарҳои охирин дар атрофи суруди Манижи Сангин (Манижа) барои Eurovision — 2021 Russian Woman гуфт:
«Ин дарвоқеъ, хеле хуб аст. Ҳоло суруди Манижа тафтиш хоҳад шуд ва вай ягона суруди хоҳад буд,ки аз ҷониби Кумитаи тафтишот дар Евровидение санҷида шудааст», — шӯхӣ кард ровӣ.
Ургант пешниҳод кард, ки суруди Russian Woman -ро фавран ба сохторҳои дигари Русия фиристад. «Ба Роспотребнадзор, ба Палатаи кадастрӣ, ба Рыбнадзор, ба БДА ва ғайра…” -гуфтаст бо истеҳзо Ургант.
Сароянда Манижа бо овоздиҳии шунавандагон пас аз натиҷаи назарпурсии миллӣ намояндаи Русия дар Евровидение — 2021 интихоб шуд. Ин интихоби шунавандагон дар Русия вокунишҳои гунгунро ба бор овард ва беҳтар сиёсатмадорони ин кишвар муқобили чунин интихоб ҳастанд. Вале онҳое, ки санъатро беҳтар мефаҳманд, ҳунармандон, овозхонҳои машҳур ва намояндагони зиёиён бештар ҷонибдори Манижа мебошанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ