Қувваозмоии ватанпарварони наврас дар Сазаған


Рӯзи 7 апрел дар размоишгоҳи (полигон) Сазағани ноҳияи Нуробод дар миёни донишомӯзони синфҳои 10-ум ва 11-ум марҳилаи вилоятии мусобиқаи ҳарбӣ-варзишии “Ватанпарвар” барои Ҷоми вазири мудофиаи ҷумҳурӣ баргузор шуд. Дар мусобиқа 16 дастаи ғолиби шаҳру ноҳияҳо дар 5 риштаи озмун – роҳпаймоӣ дар саф, эстафета, ёрии тиббӣ ба захмӣ, тирандози моҳир ва саволу ҷавоб аз рӯи асари “Темур тузуклари”-и Амир Темур қувваозмоӣ карданд. Аз миёни дастаҳо танҳо яке ба марҳилаи ҷумҳурӣ роҳхат мегирифт ва ин омили шиддати рақобати донишомӯзон буд. Гурӯҳи доварон таҳти раисии Кадиров Нуриддин ҷонишини фармондеҳи ҳавзаи ҳарбии марказӣ бо диққат рақобати ватанпарварони насли наврасро назорат ва баҳогузорӣ карданд.
Дастаи донишомӯзони Пахтачӣ бино ба натиҷаҳои умумӣ ғолиби мусобиқа шуданд ва ба марҳилаи ҷумҳурӣ, ки дар Тошканд баргузор мешавад, роҳхат гирифтанд. Наврасони ноҳияи Каттақӯрғон дар паллаи дувум ҷой гирифтанд. Донишомӯзони Пастдарғам паллаи савумро аз они худ карданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ