Ҳамасола барои сериалҳои миллӣ то 12 миллиард сӯм субсидия ҷудо мекунанд


Фармони раисҷумҳури Ӯзбекистон “Дар бораи ба сатҳи нав баровардани саноати кино ва такмили системаи дастгирии соҳа аз сӯи давлат” қабул шуд.
Бино бар асоси фармон, Агентии кинематография ҳамасола барои дастгирии истеҳсоли сериалҳои миллӣ ба шабакаҳои телевизионии ҷумҳурӣ то 12 миллиард сӯм субсидия ҷудо хоҳад кард.
Ҳамчунин, марказ бар асоси озмун таҳияи филмҳои мустанад ва сериалҳоро роҳандозӣ мекунад.
Ёдовар мешавем, агентии миллии “Ӯзбеккино” чанде пеш ба Агентии кинематография номгардон шуд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ