Варзишгари самарқандӣ чемпиони дзюдои Осиё шуд

Ду варзишгари самарқандӣ дар мусобиқаи дзюдо дар Бишкек медалҳои тилло ва нуқра ба даст оварданд. Дар ин бора Zarnews.com
Дар ин рӯзҳо дар Бишкек – пойтахти Қирғизистон мусобиқаи Ҷоми дзюдои Осиё ва Океания баргузор аст.
Имрӯз ду нафар варзишгари самарқандӣ – Давлат Бобонов ва Муҳаммадкарим Хуррамов дар рақобатҳои ниҳоӣ иштирок карданд.
Бобонов дар вазни -90 кило Шоичиро Мукаи – намояндаи Японияро мағлуб кард ва соҳиби медали тилло ва қаҳрамони Осиё шуд.
Муҳаммадкарим Хуррамов дар радаи вазни -100 кило бо варзишгари дигари Япония – Аарон Волф рӯбарӯ шуд ва мутаассифона шикаст хӯрд.
Ин натиҷаҳо ба варзишгарони самарқандӣ имкон дод, ки холҳои заруриро барои роҳхат ба Олимпиада ба даст оваранд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ