Бостоншиносони Миср «Шаҳри тиллоӣ» -ро, ки дар наздикии Луксор дар соҳили ғарбии Нил дар зери рег ғайб зада буд, пайдо карданд.
Тибқи иттилои вазорати сайёҳии кишвар, ин шаҳр яке аз калонтарин шаҳрҳои қадимист, ки то ҳол дар Миср пайдо шудааст.
Ин шаҳрро фиръавни нӯҳум Аменхотепаи III таъсис додааст, ки аз соли 1391 то 1353 пеш аз милод ҳукмронӣ кардааст, гуфта мешавад дар хабарномаи матбуотии вазорат.
«Шаҳри тиллоӣ» дар замони ҳукмронии фиръавн Аменхотепа IV машҳур буд ва калонтарин маркази маъмурию иқтисодии замон ба ҳисоб мерафт.
«Бисёре аз бостоншиносони хориҷӣ низ шаҳрро кофтанд, вале пайдо карда натавонистанд», — омадааст дар гузориш.
Бетси Брайан, мисршиноси Донишгоҳи Ҷон Ҳопкинси Иёлоти Муттаҳида гуфт, ки «шаҳри гумшуда бузургтарин бозёфтҳои бостонӣ пас аз дарёфти қабри Тутанхамон мебошад.»
Дар изҳороти вазорати туризми Миср гуфта мешавад, ки кофтуков идома хоҳад ёфт ва бостоншиносон умедворанд кулбаҳо ва ганҷҳоеро пайдо кунанд, ки то ҳол касе ба онҳо даст нарасонидааст.