Таҷлили 685-солагии Амир Темур дар ноҳияи Самарқанд


Рӯзи гузашта дар мактаби рақами 39-уми ноҳияи Самарқанд ба муносибати 685-солагии Амир Темур тадбири махсус таҳти унвони “Амир Темур – Соҳибқирони бузург” баргузор шуд. Наргиза Зоҳидова, роҳбари синфи 7-“В” ташаббускори асосии ин тадбир буд.
Тадбир бо суханронии Равшан Раҷабов, мудири мактаб оғоз гардид. Сипас, донишомӯзон дар бораи 12 боғи Амир Темур ҳикоя карданд ва лаҳзаҳоеро аз зиндагонии Амир Темур ба намоиш гузоштанд. Ҳамчунин, донишомӯзон шеърхониву сурудхонӣ карданд.
Дар поёни тадбир мудири мактаб ва омӯзгорон ба Н. Зоҳидова ва донишомӯзони синфи 7-“В” барои баргузории чунин тадбир дар сатҳи боло сипосгузорӣ намуданд.

Асалой БОЛТАБОЕВА,

хонандаи синфи 11-уми мактаби умумии таълими рақами 39-уми
ноҳияи Самарқанд

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ