Беш аз 4 миллиард сӯм барои лоиҳаҳои стартапи ҷавонон

Дар даври пандемия сатҳи бекорӣ дар бозори корӣ ба 11 дарсад расид. Ҳоло ин нишондод то 9,8-10 дарсад поин омадааст. 33 дарсади бонувон ва 20 дарсади ҷавонон бекоранд. То ҳол 55 ҳазор ҷавон ва беш аз 18 ҳазор бону барои дарёфти кор муроҷиат кардаанд.

Ҷамшед Ӯроқов, ҷонишини ҳокими вилоят ахиран бо ҷавонон мулоқот кард. Ӯ дар мулоқот гуфт:

  • Дар вилояти мо соле беш аз 85 ҳазор кӯдак таваллуд мешаванд. Вале, мо соле 45 ҳазор ҷойи корӣ эҷод мекунем. Аз 1,8 миллион нафаре, ки лаёқати корӣ доранд, танҳо 510 нафар андоз месупоранд. Боқӣ дар дасти корфармоён кор мекунанд, ё ба кишварҳои хориҷӣ барои кор рафтаанд. Барои пешгирии чунин ҳолатҳо ва эҷоди ҷойҳои корӣ бар асоси кредити имтиёзнок ба ҷавонон аз хоҷагиҳои фермерӣ замин ҷудо карда мешавад ва ба ин роҳ онҳо бо кор таъмин таъмин мегарданд. Ба ҷавононе, ки ба тадбиркорӣ завқу шавқ доранд, илми ин соҳаро меомӯзанд. Барои муқоиса: Қазоқистон 1,2 миллион нафар тадбиркор ва ба сари ҳар яки онҳо 15 нафар шаҳрванд дорад. Аммо, ба сари ҳар як тадбиркор 90 нафар шаҳрванд дорем. Аз ин рақамҳо рӯшан аст, ки сафи тадбиркороне, ки барқарор фаъолият доранд, дар кишвари мо кофӣ нест. Ба ин далел, дар 5 самт драйверҳои рушди иқтисодии Самарқандро таҳия кардем. Ин 5 самт саноати электротехника, кимиё, дорусозӣ, коркард ва экспорти меваҳои хушк ва сайёҳӣ мебошад, ки дар бозор талаб ба онҳо зиёд аст.
    Барои мисол, дар вилояти мо нисбат ба эҳтиёҷи дохилӣ 2,5 баробар зиёд маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол мешавад. Вале, бо вуҷуди имконият ҳаҷми экспорт кам аст. Ҳоло нақшаи шаҳри миллионнафарӣ кардани Самарқанд амалӣ мегардад. Ин чаро зарур аст? Ин барои ҷалби брендҳои ҷаҳонӣ ба шаҳр ёрӣ медиҳад.
    Соли гузашта дар мулоқот бо ҷавонон эълон карда будем, ки барои лоиҳаҳои технологияи ахборотӣ ва стартапҳои онҳо 4 миллиард сӯм ҷудо кардаем. Афсӯс, ки то ҳол ҳамагӣ 100 миллион сӯм аз худ карда шуд.

Ҷавонон дар давоми мулоқот бо Ӯроқов ба саволҳои худ дар бораи амалисозии лоиҳа, дастур ва ғояҳои худ ҷавоб гирифтанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ