Хушбахт модаре, ки бахти фарзандон бидид

Табиатан, одамони фидокор ва меҳнатдӯст ҳама вақт мекӯшанд, ки ҳаёташон манфиатбахшу босамар гузарад.
Муаллимаи собиқадор, бонуи меҳнатқарин, модари ғамхор ва модаркалони ғамгусор Матлуба Нарзуллоева ин ҳамаро аз хурдсолӣ фаҳмида буд: аниқтараш падари бузургвораш, шодравон Ҳоҷӣ Насрулло Нарзуллоев мудом таъкид мекард, ки умрро ба мо Худо медиҳад, вале чӣ тавр сарф намудани он ба худи мо вобаста аст…
Матлуба Нарзуллоева ин ҳама гуфтаҳои падарро ҳалқа бар гӯш намуда, дар ҳар лаҳзаи зиндагӣ ба онҳо амал мекунад ва фарзанду наберагони худро низ дар ин рӯҳия тарбия менамояд.
Пайроҳаи тақдир
Матлуба Нарзуллоева 10-уми апрели соли 1957 дар маҳаллаи Андиҷонии ноҳияи Самарқанд, дар оилаи зиёӣ таваллуд шудааст. Соли 1964 таҳсили ибтидоиро дар мактаби таълими умумии рақами 39-и зодгоҳ мегирад. Овоне, ки М. Нарзуллоева мактабхон буд, гуфтори омӯзгорон барояш ширинтар аз ангубин, зеботар аз навоҳои дилангез буд, ки зеҳни ташнаи донишаш аз онҳо чаман – чаман таровати нав мебардошт. Ба олами маънӣ беш аз пеш ғӯта задан мехост, бахусус дар дарси забон ва адабиёт мафтуни қироати шеъри устодон мегашт. Орзу мекард, ки донишҷӯ шавад.
Ӯ соли 1975 мактабро хатм карда, ба факултети филологияи тоҷику ӯзбеки Донишгоҳи давлатии Самарқанд ҳуҷҷат супурд ва ба орзуи худ расид.
Соли 1977 риштаи ҳаёташро бо марди фозилу ориф, донишманду маърифатпарвар, номзади фанҳои филология, дотсент Ғафурҷон Маҳмудов пайваст. Баробари таҳсил дар омӯзишгоҳи рақами 149-и ноҳияи Тайлоқ фаъолият пеш бурд.
М. Нарзуллоева пас аз хатми донишгоҳ фаъолияти меҳнатиро дар мактаби таълими умумии рақами 41-и ноҳия оғоз кард ва то синни нафақа дар ин ҷо ба насли наврас асрори илм омӯхт.
Баъди ба нафақа баромадан, аз соли 2012 то ҳол ӯ ба ҳайси директори корхонаи «Янги аср матбуоти» фаъолият пеш мебарад.
Намунаи ибрат
Хонадоне, ки Матлуба Нарзуллоева келин шуда буд, аз оилаҳои маъруфи Самарқанд ба шумор мерафт. Падаршӯяш – марди зиёӣ Маҳмудбек Маъруфовро аксарият хуб мешинохтанд. Аз ин рӯ, ба хонадони онҳо аз ҳар гӯшаву канор меҳмони зиёд меомад. Матлуба мекӯшид, ки ҳар дуро – кори рӯзгор ва омӯзгориро баробар, сарбаландона пеш барад ва аз ӯҳдаи ин низ мебаромад. Пайваста барои такмили донишу маҳорати касбӣ ҳаракат мекард. Ба самти дуруст роҳнамоӣ кардани хонандагон, кашфи истеъдоди нуҳуфтаи мактаббачагон, бо маърифати баланду донишҳои замонавӣ мусаллаҳ намудани онҳо ва баланд бардоштани сатҳи касбии омӯзгоронро Матлуба Нарзуллоева аз муҳимтарин вазифаҳои хеш медонист.
Маъмурияти мактаб фидокорӣ ва меҳнати содиқонаи муаллимаро қадр карда, фаъолияти ӯро доим барои омӯзгорони ҷавон намунаи ибрат нишон медоданд. Ӯ дар давоми фаъолияти нимасрии худ шогирдони зиёдро тарбия кард ва ҳоло аксари онҳо дар соҳаҳои гуногун хизмат мекунанд. Дар иди касбӣ, ҷашну зодрӯзҳо ҳамеша ба дидори муаллимаи меҳрубони худ мешитобанд.
Эътироф
Матлуба Нарзуллоева чун омӯзгори ботаҷриба дар чопи «Китоби хониш» барои синфҳои 1 ва 3, ки барои хонандагони мактабҳои тоҷикӣ пешбинӣ шудааст, саҳми арзанда гузоштааст. Инчунин, борҳо бо диплом ва ифтихорномаи сохтори таълим сарфароз гардидааст.
Хизматҳои масъулиятноки муаллима аз ҷониби ҳукумат эътироф шуда, соли 1998 Аълочии таълими халқи Ӯзбекистон гардид. Солҳои 2006 ва 2016 бо нишонҳои сарисинагии «Ӯзбекистон мустақиллигига 15 йил» ва «Ӯзбекистон мустақиллигига 25 йил», инчунин, соли 2020 бо нишони сарисинагии дараҷаи II «Меҳнат фахрийси» мукофотонида шуд.
Матлуба Нарзуллоева новобаста аз ин ҳама дастовардҳо, комёбиҳои назаррас, эътироф ва эъзоз, хоксору самимӣ мебошад. Аз муваффақиятҳои худ дида, бештар ба зафару дастовардҳои фарзандон ва шогирдонаш меболад.
Фарзандони шоиста
Матлуба Нарзуллоева гоҳ-­гоҳ ба гузашта бармегардад: зиндагӣ, фаъолият ва амалҳои иҷронамудаи худро пеши назар мебиёрад. Ҳаёти хушбахтонаашро бо марди фозилу фарҳангдӯст Ғафурҷон Маҳмудов ба хотир меорад. Аслан, аз роҳи тайкардааш, аз фарзандони оқилу доно ва соҳибмаълумоташ Азизҷон, Акбар, Манзила, Олима ва Камола, ки имрӯз дар соҳаҳои гуногун кор мебаранд, аз самари кораш, аз гузашти рӯзгор розиву мамнун аст, вале аз рӯйи хислати эҷодкоронае, ки дорад, ҳар лаҳзаи умрро аз нав таҳқиқу баҳогузорӣ менамояд. Медонад, ки зиндагии сазовор дорад. Аз ҳама муҳимтар, Матлуба Насруллоевна дар ҳар лаҳзаи умр аз худ дар ҳаёт нақши дурахшон боқӣ мерузорад ва умраш манфиатбахш мегузарад.
Биҳиштитар аз Ватан ҷойе надидам…
Соли 2019 Матлуба Нарзуллоева ба кишвари Ҳиндустон сафар кард. Дар доираи ташриф аз чанд шаҳри куҳан, ёдгориҳои таърихӣ ва манзилҳои сазовори диққати ин кишвар дидан намуд, ба зиёрати яке аз ҳафт мӯъҷизаи дунё – Тоҷмаҳал мушарраф гардид. Инчунин, дар аввали соли 2020 Матлуба Нарзуллоева барои адои сафари Ҳаҷ ба Арабистони Саудӣ рафт. Ҷойҳои муқаддасро зиёрат кард.
Доим баъди бозгашт аз сафарҳо ба наздикон ва ҳамкорони худ роҷеъ ба тассуротҳои хеш ҳикоя намуда, таъкид мекард, ки ватанамон Ӯзбекистон биҳишти рӯйи ҷаҳон аст. Ин ҳама шукӯҳ, зебогӣ, ободӣ ва шукуфоиро дар ягон кишвари ҷаҳон надидааст.
Ободии қасри ин ҷаҳон аз некист…
Имрӯз дар ноҳия ҷойе агар сӯҳбат атрофи бонувони шинохтаву баобрӯи Самарқанд равад, пеш аз ҳама аз муаллима Матлуба Нарзуллоеваро ёдовар мешаванд. Ӯ ба ҳайси як чеҳраи мондагор на танҳо дар соҳаи таълим ва матбуот, балки дар дилу дидаи мардуми ин ноҳия низ маъво гирифтааст.
Дар давраи ҳамкорон низ ба ҳар як корманд меҳрубон аст ва модарвор дуо мекунад, роҳнамоӣ менамояд. Доим ба ҷавонони навкор таъкид мекунад, ки дуои волидони хешро бигиранд ва доим дар хидмати онҳо омода бошанд, ба атрофиён ғамхор, нафърасон гарданд ва ҳамеша барои некӣ кардан, дасти афтодаеро гирифтан кӯшиш намоянд.
Аз ин рӯ, дар корхона ҳама Матлуба Нарзуллоеваро бо эҳтиром ва самимият «муаллима» мегӯянд. Эҳтирому эъзоз менамоянд.
Ин ҳама гуфтори ибратомӯз ва дурандешонаи муаллима ин мисраъҳои шоирро ба хотир меорад:
Ободии қасри ин ҷаҳон аз некист,
Дилшодии пиру навҷавон аз некист.
Бадзод бувад сазои танбеҳу ҷазо,
Бунёди ҳаёти гулфишон аз некист.
Модари кордону корчаллон, омӯзгори асилу меҳрубон, мураббии ҷавонону маслиҳатгари ҳамкорон, бибиҷони ғамхори наберагони ширин – Матлуба Нарзуллоева имрӯз дар канори 20 нафар набераи ширину 2 абераи дилбанд гашти пирӣ меронад. Дар ҳама кори хонавода сару сарвар буда, ҳар як ҷашну тадбири оилавиро бо маслиҳати 4 авсун ва як хоҳарарӯси худ якҷоя ташкил карда, бо ҳам мегузаронанд. Андӯхтаҳои муаллима аз ҳаёт зевару зинати ӯст. Назаре ба рӯзгори ин бонуи накӯгуфтор намуда, хуш ба ҳоли чунин модароне мегӯянд, ки бахту камоли фарзандонро дидааст ва хушбахту хушрӯзгор аст. Ва ин ҳама барои насли ҷавон мактаби ибрат аст, то биёмӯзанд ва дар ҳаёт ба кор баранд.

Баҳодур РАҲМОНОВ,
Фаридуни ФАРҲОДЗОД.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ