ХОТИРАҲО СИМОҲОРО БАРҶАСТАТАР МЕГАРДОНАНД

Зиндагӣ зудгузар аст. Бинобар ҳамин, мо бо ташвишҳои ҳаёт ғарқ гашта, ба қадри якдигар, дӯсту ошноён, пиру устодон, ҳамкору ҳампешагон ба таври бояду шояд намерасем. Баъди аз олам гузаштани онҳо қадрашон баланд мегардад. Мо афсӯс мехӯрем, ки дар зиндагӣ чандон ба қадрашон нарасида будаем. Яке аз чунин шахсони маъруфи Самарқанд шодравон Амон Воҳидов буд. Агар ӯ дар қайди ҳаёт мебуд, имрӯз 85-умин рӯзи зодрӯзи худро ҷашн мегирифт.
Устод Амон Воҳидов 10-уми апрели соли 1936 дар деҳаи Боғибаланди шаҳри Самарқанд ба дунё омадааст. Пас аз итмоми мактаби миёна соли 1959 Донишгоҳи давлатии Самарқанд­ро хатм кардааст. Дар аввали фаъолияти меҳнатӣ дар ҳайати мураттибони «Фарҳанги забони тоҷикӣ» кор кардааст. Аз соли 1973 омӯзгор, дотсент, профессори кафедраи забони тоҷикӣ ва филологияи Шарқи Донишгоҳи давлатии Самарқанд буд.
Амон Воҳидов ҳамчун луғатшинос ба самти фаъолияти эҷодии худ то охир содиқ монд. Заро фаъолияти илмиаш асосан соҳаи луғатшиносӣ, пажӯҳиши таърихи фарҳангнигории форсу тоҷик буд. Дар бораи «Ғиёс ул-­луғот»-и Муҳаммад Ғиёсуддин рисолаи номзадӣ навишт. Дар ҳамин самт корҳои илмиву тадқиқотӣ бурд ва даҳҳо мақолаҳоро ба табъ расонд. Чандин рисолаҳо, китобҳои дарсӣ, дастурҳои таълимӣ низ ба қалами ӯ тааллуқ доранд. Асарҳояш бо номҳои «Фарҳангнигории тоҷику форс», «Амон ул-­луғот», «Забони адабии ҳозираи тоҷик», «Бо сухан ҷаҳон биорост» ва ғайра чоп шудаанд.
Чанд рӯз пеш китоби нави устод Амон Воҳидов таҳти номи «Баъзе хотираҳо» дастрас гардид. Онро варақ зада, симои устод пеши назар ҷилвагар шуд. Дар китоб устод оиди давраи бачагӣ, таҳсил дар мактаби олӣ, ҳаёти мустақилона, ташвишҳои кору зиндагӣ, қадру манзалати дӯстӣ ва ғайра ҳикоят мекунад. Инчунин, дубайтиҳое, ки ӯ ҳангоми сафари хизматӣ дар Афғонистон аз гӯяндаи онҳо – Фотима валади Абдураҳмон дар Дарвозаи Тошқӯрғони Мазори Шарифи Афғонистон солҳои 1966 навишта гирифтааст, оварда шудаанд. «Ба хотири ин зани зиндаёд ин ҷо дохил кардани ин дубайтиҳоро лозим донистем», – навиштааст худи муаллиф. Китоб бо суратҳо оро ёфтааст, ки на танҳо мехонеду мефаҳмед, балки симои наҷиби устод ва дӯстону пайвандонашро бараъло мебинед. Хислатҳои ҳамидаи устод боз дар пеши назар ҷилвагар мешавад.
Китобро ҳайати эҷодии рӯзномаи «Овози Самарқанд» ба чоп тайёр кардаанд. Масъули нашри китоб шогирди устод Нодир Қаюмов аст.

Б.РУСТАМЗОД.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ