Эҳтиром ба саркардаи бузург



Имрӯзҳо дар саросари кишвар бахшида ба 685-солагии саркардаи мағлубиятнопазир Амир Темур тадбирҳои маънавӣ ва маърифатӣ, анҷуманҳои илмӣ ва вохӯриҳо баргузор мегарданд.
Дирӯз дар ташкилоти таълимии томактабии рақами 12-и ноҳияи Самарқанд низ бо роҳбарии мудири кӯдакистон Дилдора Исмоилова ба ин муносибат тадбир доир гардид.
Дар чорабинӣ тарбиягирандагон якҷоя бо тарбиядиҳандагон дар ситоиши шоҳи одил ва халқпарвар шеърҳои бачагона қироат намуда, дар бораи ҷасорату қаҳрамониҳои Амир Темур саҳнача гузоштанд.
Якчанд кӯдакони чолоку чаққони кӯдакистон, аз ҷумла Аршад Абдураҳимов, Анисҷон Адашқулов, Шодия Олимҷонова, Афрӯза Баҳодурова, Беҳрӯз Багирҷонов ва дигарон дар тадбир фаъол иштирок намуданд.
– Сарвари давлатамон дар яке аз суханрониҳои худ дуруст таъкид намуданд, ки «Дарк кардани шахсияти Амр Темур – идроки таърих мебошад. Шинохтани Амир Темур – худро шинохтан аст», – гуфт мудири кӯдакистон Д. Исмоилова. – Мақсад аз ташкили ин чорабинӣ низ ошно намудани кӯдакон бо симои таърихии Амир Темур буд. Бояд гуфт, ки гузаронидани чунин тадбирҳо барои тарбияи насли наврас дар рӯҳияи муҳаббат ба Ватан, садоқат ба истиқлол, арҷ гузоштан ба хотираи неки бузургони халқ хизмат мекунад.

Фарсимои ФАРИДУНЗОДА

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ