Дар ҷамъият мафҳумҳое чун таълим, маънавият ва маърифат мавҷуданд, ки рушди маънавии инсонро таъмин мекунанд. Онҳо омӯзиши ҳамаҷонибаи тағйироти илмҳои иҷтимоиро якҷоя бо рушди ҷамъият тақозо месозанд. Барои тарбияи авлоди баркамол аз ҳар як узви ҷомеа идроки ғояҳои тарбияи инсони комил талаб карда мешавад.
Бояд гуфт, ки тарбияи насли наврас, махсусан ҷавонон, яке аз масъалаҳои муҳими ҳаёти мардуми ҷаҳони муосир ба шумор рафта, аз ҳалли дурусти он пешрафти тамоми соҳаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангии мардуми давлатҳои дунё вобастагии калон дорад.
Президенти мамлакат Шавкат Мирзиёев дар Форуми ҷавонони Ӯзбекистон, ки моҳи декабри соли гузашта доир гардид, дуруст таъкид намуданд, ки «Донишро қадр намоед, ба дониш кӯшиш кунед! Ягон лаҳзаро зоеъ нагардонед! Дар ёд дошта бошед, ҷавонӣ – давраи беназири ҳаёт аст, илм ва дониш боигарии нодире мебошад, ки дар об ғарқ намегардад, дар оташ намесӯзад ва касе аз шумо онро гирифта наметавонад!»
Мо бояд ба насли наврас моҳияти ин гуфтаҳоро дуруст фаҳмонем. Онҳоро ба дониш андӯхтан, китоб хондан, инсони нек шудан ва накӯкорӣ ҳидоят намоем.
Таълиму тарбия равандест, ки бояд дар ҳамкории маҳалла, мактаб ва оила ба роҳ монда шавад ва он фосиларо намепазирад. Он пайваста ва зина ба зина амалӣ мегардад. Агар каме таъхир намоем, таълиму тарбияи мо самараи хуб нахоҳад дод. Воқеаҳои замони имрӯза бори дигар исботи он аст, ки сари вақт таълиму тарбияи дуруст надодан ба фарзандон, беэътиборӣ ба рушди тафаккур ва ҷаҳонбинии онҳо оқибати ногуворро ба бор меоварад.
Бинобар ин, мо омӯзгоронро лозим аст, ки дар дили ҷавонон эҳсоси худшиносӣ ва худогоҳиро тарбият намуда, ба онҳо мероси ғании аҷдодонамонро омӯзем. Насли ҷавонро бо сарвати бузурги маънавии халқ ошно намоем. Зеро, ояндаи кишвар аз ҷавонони соҳибхираду бофарҳанг вобастагии калон дорад:
Мевае ширинтар аз фарзанд набвад дар ҷаҳон,
То тавонӣ ин самар бо рангу бӯйи хуш расон,
Ранги хуш рӯйи хуш асту бӯйи хуш ақли расост
Гар набошад ин ду хислат зиндагӣ моро хатост.
З.БОЙМУҲАММЕДОВА, омӯзгори мактаби таълими
умумии рақами 38-и шаҳри Самарқанд