📌 12- уми апрел — Рӯзи байналхалқии авиатсия ва космонавтика



🚀 12-уми апрели соли 1961, Юрий Гагарин бори аввал дар орбитаи Замин бо киштии кайҳонии «Восток» парвоз кард.
🛰 Парвоз, ки 1 соату 48 дақиқа тӯл кашид, дар таърихи инсоният давраи нави тадқиқоти фазоиро оғоз кард.

🚀 12-уми апрел, нахустин парвози одам ба кайҳон, дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ аз соли 1962 ва бо қарори Маҷмаи Умумии СММ аз 7-уми апрели соли 2011 ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии авиатсия ва космонавтика таҷлил карда мешавад.
❗️ Юрий Гагарин дар Ӯзбекистон бисёр меҳмон шудааст. Вай аз соли 1961 то соли 1968 шаш маротиба ба мамлакатамон ташриф овардааст.

✅ Ҳангоми сафари худ ба мамлакати мо, ӯ дӯстони зиёде аз аҳли ҷомеа, ходимони фарҳанг ва санъат, ҷавонон, мардуми оддӣ пайдо кард. Ҷолиби диққат аст, ки номи ӯ ба маркази ноҳияи Мирзочули вилояти Ҷиззах дода шудааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ