Қирғизистон сарқонуни навро қабул кард


Рӯзи гузашта дар Қирғизистон ҳамапурсӣ дар бораи сарқонуни нави давлат баргузор шуд. Дар ин ҳамапурсӣ 79,26 дарсад, ё беш аз 1 миллиону 65 ҳазор нафари раъйдиҳандагон қабули сарқонуни навро дастгирӣ карданд.
Бино ба хабари Кун.уз, беш аз 183 зидди сарқонуни нав раъй доданд.
Дар саросари Қирғизистон ҳамагӣ 37,27 дарсади раъйдиҳандагон иштирок карданд.
Сарқонуни нави Қирғизистон то 90 нафар кам кардани шумори намояндагони порлумонро пешбинӣ мекунад. Дар ҳоли ҳозир шумори намояндагон дар порлумон 120 нафар аст.
Ҳамчунин, сарқонуни нав ба раисҷумҳур имкон медиҳад, ки баъди ба поён расидани муҳлати ҳукумати худ дубора дар интихоб иштирок кунад. Сарқонуни феълӣ ба як нафар ҳуқуқи паиҳам ду бор раисҷумҳури давлат шуданро намедиҳад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ